Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, шаҳрванди ин кишвар Таалайбек Рисалиев дар шаҳри Дубай боздошт шудааст. Ӯ дар пайгард қарор дошт.
Рисалиев ҳанӯз 21-уми феврал дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии бюрои Интерпол боздошт гардидааст.
Ӯ ширкатдори фаъоли гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноии Қамчӣ Асанбек (Колбоев) дониста мешавад.
"Рисалиев дар замони зинда будани Колбоев аз нуфузи вай истифода бурда, бо роҳҳои ғайриқонунӣ даромад ба даст меовард. Ба замми ин, Рисалиев бо ҳадафи даромад ба даст овардан ҷиноятҳои вазнин анҷом додааст", - омадааст дар хабари КДАМ.
Мақомоти Қирғизистон айни замон талош доранд, ки ӯро аз Дубай ба Қирғизистон оранд ва ба ҷавобгарӣ кашанд.