Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Мелис Аспековро ба гуноҳи "омодагӣ ба ҷиноят" ва "бетартибиҳои оммавӣ" ба 7 сол зиндон маҳкум карданд.
Дар ин бора Аалӣ Аспеков, писари Мелис Аспеков, рӯзи 4-уми март дар Фейсбук хабар дод.
Аалӣ Аспеков гуфт, падараш дар сухани охирин дар додгоҳ айбҳои эъломшударо напазируфт. Ӯ афзуд, падараш бо ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ба зинаҳои болоӣ шикоят мебарад.
Дар Додгоҳи ноҳияи Якуми май гуфтанд, ҳукми додгоҳ дар ин маврид ҳанӯз 28-уми феврал содир шудааст.
Аспеков дар тирамоҳи соли 2023 дастгир шуда буд.