"Вақт тамом", "салоҳияти мо нест"... Нишасти мансабдорон чӣ гуна гузашт?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Даври дигари нишастҳои хабарии мансабдорон дар Тоҷикистон, ки дар шаш моҳ як дафъа баргузор шуда, як соат идома мекунад, дар моҳи феврал ба поён расид. Ин фурсатро кадом ниҳод чӣ гуна истифода кард ва хабарнигорон онро хуб меноманд ё бад?

"Ним соат варақаи матбуотӣ хонданд"

Баъзе аз хабарнигорон ба хубтар шудани нишастҳои матбуотӣ дар вақтҳои охир таъкид мекунанд, аммо Исматулло Абдуллоев, корманди шабакаи “Азия-Плюс”, мегӯяд, танҳо ба назар расид, ки аз солҳои қабл хубтаранд.

Исматулло Абдуллоев, хабарнигори "Азия-Плюс"

“Агар дурусттар нигоҳ кунем, нишастҳо хуб набуданд. Ҳамон журналисте, ки масалан, соҳаи кишоварзиро хуб намедонад, рафта он ҷо ширкат мекунад. Намедонад чӣ суол медиҳад,” -- таъкид кард ин хабарнигор.

Шуморе аз хабарнигорон аз он розиянд, ки ниҳодҳое чун вазоратҳои умури хориҷӣ, тандурустӣ ва маориф бо вуҷуди тамом шудани вақт нишастро идома ва ба ҳама суолҳо посух доданд. Ниҳодҳое низ буданд, ки ба сабаби суол надоштани хабарнигорон ҳамагӣ 20-25 дақиқа нишаст баргузор карданд.

"Ман ниҳодҳоро мушаххас номбар намекунам, лекин ҳатто нишастҳои матбуотие буданд, ки ҳамагӣ 20 дақиқа давом карданд. Ё нишасти матбуотии дигар, ки ман ширкат доштам, ним соат ба хондани пресс-релиз сарф шуд ва ба як савол 15-20 дақиқаи дигар посух гуфтанд ва бо ҳамин нишасти матбуотӣ ҷамъбаст шуду даҳҳо савол ногуфта монд,” -- мегӯяд Одили Нозир, муҳаррири нашрияи “Тоҷикистон”.

Бо ё бе зиёфат?

Ду сол пеш Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон аз ҷомеаи хабарнигорӣ ва раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент даъват кард, ки тарзи баргузории нишастҳо тағйир ёбад. Ҳамчунин дархост шуда буд, ки ниҳодҳо аз додани зиёфату туҳфа ба хабарнигорон даст кашанд ва хабарнигорон низ аз гирифтани пулу ҳадяҳо худдорӣ варзанд. Ба мушоҳидаи коршиносон, баъзе аз хабарнигорон маҳз барои туҳфа ва зиёфат ба нишастҳо мерафтаанд.

Додарбеки Сайдалӣ

Расонашинос Додарбеки Сайдалӣ мегӯяд, ҳатто аз як расона чанд нафар маҳз барои ҳамин мераванд: “Аз як расона 4 нафар барои конверт даъво карда мераванд. Ё барои хӯрдани хӯроки шом ва ё нисфирӯзӣ. Аллакай ин як талабот шудааст, ки ин ё он намоянда ҳатман рафта, ҳамон конвертро гирад. Ман ҳолатеро дидам, ки конвертро гирифта, намояндаи расонаи хабарӣ аз толор берун шуд, яъне барои ӯ дигар муҳим набуд, ки дар он ҷо чӣ рух медиҳад, чӣ суол медиҳанд."

Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи “Пайк”, ҳамин омилро далели камранг шудани нишастҳо дар солҳои охир донист.

Аҳмади Иброҳим

“Билохира, аз солҳои 2014 ба ин тараф нишастҳои матбуотӣ дигар якранг шуданд. То солҳои 2020 ин як маъракаи зиёфатхӯрӣ шуду як маъракаи ҷамъомади як гурӯҳ ҳамсӯҳбатону ҳамқаринон, ки ин тамоман ба талаботи журналистика ва нишастҳои матбуотӣ ҷавобгӯ нест," -- норизоятӣ кард ӯ.

Рӯзноманигорон омода нестанд ё мансбадорон?

Баъзе аз хабарнигорон бар инанд, ки тарзи баргузории нишастҳо ба созмондиҳандагон бастагӣ дорад ва ниҳодҳо бояд талош кунанд, ки сатҳи нишастҳо хубтар шавад.

"Онҳо бояд бештар талош кунанд, ки нишастҳо ба таври хеле мазмундор баргузор шавад. Воқеан, хеле кори зиёд анҷом медиҳанд, афсӯс, ки онро ба таври бояду шояд нишон дода наметавонанд,” -- мегӯяд Алишер Охунов, хабарнигор дар вилояти Суғд.

Рӯзноманигорон нишастҳои матбуотиро ягона роҳи мумкини гирифтани маълумот аз масъулони аввали ниҳодҳо медонанд. Ба нишастҳо ҳозир нашудани шахсони аввали баъзе ниҳодҳо, баргузор нашудани нишастҳои бархе мақомот дар минтақаҳо, қолабӣ ва ба таври умумӣ посух додан ба суолҳоро аз ҷумлаи камбудҳои ин нишастҳо унвон мекунанд.

Одили Нозир

Ҳамчунин бе омодагӣ рафтани рӯзноманигорон, ширкат накардани сардабирону рӯзноманигорони ботаҷриба, ҳузури хабарнигорони навкору коромӯз дар нишастҳои муҳим, аз нозукиҳои соҳа ва кори ниҳодҳо воқиф набудани бархе хабарнигоронро коршиносон як иллати паст шудани сатҳи нишастҳо медонанд.

Аммо Одили Нозир мегӯяд, “ин мушкили асосӣ нест, ки сатҳи нишастҳо поин ояд, зеро дар ҳар нишаст дар баробари ширкати хабарнигорони ҷавону камтаҷриба, ҳамчунин 5-6 рӯзноманигори ҳирфаӣ бо саволҳои мантиқӣ ширкат мекунанд”.

18 сол пеш ниҳодҳои давлатӣ вазифадор шуданд, ки нишастҳои хабарӣ баргузор кунанд. Ин таҷрибаи Тоҷикистонро мақомот намунаи нодир дар минтақа медонанд. Дар оғоз вазорату идораҳо ҳар се моҳ як бор нишасти хабарӣ баргузор мекарданд. Соли 2011 дастгоҳи иҷроияи раёсатҷумҳурӣ нишастҳоро кам кард ва он ҳар шаш моҳ як бор сурат мегирад.