Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони мақомоти интизомӣ дар Кӯлоб аз журналистон “гурехтанд”


Чаро мақомоти интизомии Кӯлоб нишасти хабарӣ баргузор накарданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

Чаро мақомоти интизомии Кӯлоб нишасти хабарӣ баргузор накарданд?

Аксари намояндагони мақомоти интизомӣ дар Кӯлоб имсол аз суҳбати рӯ ба рӯ бо рӯзноманигорони маҳаллӣ даст кашиданд.

Охири моҳи январ ва аввали феврал дар Тоҷикистон мақомот нишасти матбуотӣ баргузор карданд ва натиҷаи кори худро ба хабарнигорон гуфтанд. Нишастҳои матбуотӣ тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз соли 2005 ба ин сӯ баргузор мешаванд.

Ба фарқ аз солҳои пеш, имсол дар минтақаи Кӯлоб намояндагони Раёсати корҳои дохилӣ, Хадамоти оташнишонӣ, Оҷонсии зиддӣ фасод, Додситонии ҳарбӣ ва Оҷонсии маводи нашъаовар аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ карданд.

Мақомот далели ин рафторашонро шарҳ надоданд, вале Билоли Шамс, хабарнигори маҳаллӣ мегӯяд, барои дастрасии мардум ба хабарҳои дуруст амали мақомот “кори хуб нест”.

Бархе хабарнигорон мегӯянд, гурези мақомдорон аз журналистон тарси онҳо аз интиқод аст. Ба гуфтаи онҳо, на танҳо дар нишастҳои матбуотӣ, балки берун аз он ҳам онҳо бо рӯзноманигорон суҳбат намекунанд.

Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи “Пайк” мегӯяд, бештар раҳбароне аз хабарнигорон мегурезанд, ки натиҷаи корашон хуб нест ва чизе барои гуфтан надоранд.

Аз сӯи дигар, раҳбарони идораҳое, ки имсол нишасти матбуотӣ баргузор карданд, талош доштанд, бо шевае роҳи суоли рӯзноманигоронро бигиранд.

Додарбек Сайдалиев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, зоҳиран мақомдорон рисолати аслии баргузории нишастҳои матбуотиро фаромуш кардаанд.

“Як чиз бисёр боиси тааҷуб аст, ки масъулин аз як соати ҷудошуда барои нишасти матбуотӣ 40-45 дақиқаашро барои хондани ҳисобот сарф мекунанд. Хуб мешуд, ҳисоботи ин сохторҳо дар сомонаҳояшон нашр мешуд ва хабарнигор онро таҳлил карда, баъдан савол медоданд,”—гуфт ӯ.

Музафар Мирзозода, муовини раиси вилояти Хатлон гуфт, нишастҳои матбуотӣ амри президент ҳастанд ва ҳатман бояд баргузор шаванд. “Агар дар ягон ташкилот камбудӣ шуда бошад, ҳатман бартараф карда мешавад. Зеро иҷроиши амри президенти ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо шарту зарур аст,”—гуфт ӯ.

Созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён танқид мекунанд. Аз ҷумла, Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон дар гузориши солонаи худ дар бораи вазъи матбуот дар рӯзи 4-уми январи имсол гуфтааст, солҳои 2022 ва 2023 саркӯби матбуот дар Тоҷикистон сахттар шуд ва дар ин ду сол 7 хабарнигор бо иттиҳомоти шубҳабарангез ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG