Қабулгоҳи меҳмонону сайёҳон дар ноҳияи Ховалинг бори охир кай таъмир шудааст, маълум нест. Мақомот чанде пеш эътироф карданд, ки ҳоло тавони таъмири онро надоранд.
Файзулло Ҳусайнзода, раиси дастгоҳи ҳукумати Ховалинг, дар моҳи феврали имсол дар нишасти матбуотӣ гуфт: "Дар ҳақиқат, эрод дуруст аст, ранги расми қаҳрамонҳо андак рафтааст. Ноҳия дар як вазъияте қарор дорад, ки... бо раис ба нақша мегирем, таъмир мекунем."
Ҳукуматҳои маҳаллӣ барои бунёди чунин боғу маконҳо садҳо ҳазор сомонӣ сарф мекунанд, аммо дере нагузашта онҳо ба харобазор табдил меёбанд.
"Дарахтони атрофи бино 80 дарсад сабзид. 20 дарсад насабзид. Дар тирамоҳ аз нав шинондем. Кӯшиш мекунем, ки атрофи дарахтонро маҳкам кунем. Сари роҳ аст ва рафтуои чорво ҳам зиёд," – гуфт Файзулло Ҳусайнзода.
Сохтани қабулгоҳу таъмири он бо пули буҷет танҳо хоси ноҳияи Ховалинг нест. Ҳукумати ноҳияи Восеъ низ дар деҳаи Олимтой боғи истиқболи меҳмононро сохтааст.
Агар меҳмони воломақоме ба ноҳия ояд, намояндагони ҳукумати Восеъ ӯро дар ҳамонҷо пешвоз мегиранд. Соли 2022 дар Кӯлоб чунин макони пешвозгириро сохтанд ва пайкараи "дуои модар"-ро ҳам гузоштанд.
Барои сохтани он ҳукумати маҳаллӣ се миллион сомонӣ харҷ кардааст. Барои нигоҳубинаш ҳар сол аз буҷет пул ҷудо мекунанд.
Сохтани қабулгоҳу пайкарагузорӣ дар бештари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба мусобиқа табдил ёфтааст. Сокинон танқид мекунанд, ки ба ҷойи бунёди чунин маконҳо бештар корхона созанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад