Ҳафтае пеш додситон дар мурофиае аз додрас хоҳони ҳамин ҷазо буд. Маълум нест, худи ӯ дар сухани охиринаш дар додгоҳ чӣ гуфтааст.
Ба иттилои расмӣ, Ҳамроев давраи ҷазоро дар маҳбаси низомаш сангин адо хоҳад кард.
Додгоҳ муҳоҷири тоҷикро ба куштор, шиканҷа ва иртиботи ҷинсӣ бо духтари ҳанӯз ба 16 нарасида гунаҳкор донист.
Бино ба изҳороти гурӯҳи минтақавии додгоҳҳои Русия, ки дар шабакаи "ВКонтакте" нашр шуд, "исботи гуноҳи Ҳамроев бар пояи сабти дурбинҳои видеоӣ имконпазир шуд".
Муҳоҷири 28-солаи тоҷикро дар моҳи июли соли 2022 ҳангоми баромадан аз қаламрави Русия боздошт карданд. Мақомот гуфтанд, ӯ ба бадани дӯстдоштааш 17 корд задааст.
Кумитаи тафтишотии Русия рашкро ангезаи куштор номид.
Модари духтари кушташуда гуфтааст, Хушнуд Ҳамроев борҳо ба духтараш таҳдид карда буд ва ӯ мақомоти интизомиро дар ин бора огоҳ кард, вале чора надиданд. Шаш маъмури пулисро барои хунукназарӣ ба ҷавобгарӣ кашидаанд.
Назари муҳоҷири тоҷик ва наздиконаш ба иттиҳоми мақомот ва ҳукми додгоҳ ҳанӯз дастрас нест.