Олег Кипер, раиси ҳукумати Одесса рӯзи 2-уми март гуфт, ҳамлаҳо шабона сурат гирифтаанд ва яке аз паҳподҳо ба бинои баландошёнае зарба зада ва як қисмате аз онро вайрон кардааст. Ҳафт нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Бино ба хабари артиши Украина, нерӯҳои Русия шаби 1-ум ба 2-уми март бо истифода аз 8 паҳподи “Шаҳид”-и сохти Эрон ба вилояти Одесса ҳамла кардаанд ва ҳафт адади онҳо дар ҳаво маҳв шудаанд. Дар шаҳри Харков, як паҳпод дар як маҳаллаи аҳолинишин афтодааст ва дар натиҷа шишаҳои хонаҳои баландошёна рехтаанд. Касе дар ин ҳамла осеб надидааст.
Русия рӯзи 24-уми феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард ва аз он замон то кунун ба гуфтаи Созмони Милал бештар аз 10 500 нафар кушта ва тақрибан 20 ҳазор каси дигар захмӣ шудаанд. Ба қавли созмон, мумкин аст, теъдоди қурбониён бештар аз ин ҳам бошад.