Ҷасади Навалнийро рӯзи 1 март дар Маскав дафн мекунанд

Алексей Навалний дар 47-солагӣ дар зиндон даргузашт

Дӯстон ва пайвандони Алексей Навалний гуфтанд, ки ҷасади сиёсатмадори мухолифро рӯзи 1-уми март дар Маскав дафн мекунанд.

Ин мунтақиди сарсахти президенти Русия Владимир Путин дар зиндон ҷон супурд.

Хабари марги Алексей Навалнийи 47-сола рӯзи 16-уми феврал аз тарафи мақомоти зиндоне дар Ямало-Ненетс эълон шуд.

Сабаби дақиқи марги ӯ ҳанӯз мушаххас нест, вале ҳамсараш Юлия Навалная дар марги ӯ Владимир Путинро муттаҳам кард.

Навалная рӯзи 28-уми феврал, пас аз эълони хабари маросими дафни раҳбари мухолифони Русия, бори дигар аз Путин интиқод кард. "Намедонам, ки маросим дар оромиш баргузор хоҳад шуд ё пулис шахсонеро, ки барои видоъ меоянд, боздошт хоҳад кард," – афзуд ӯ.

Дӯстони Навалний рӯзи чоршанбе хабар доданд, ки ёфтани калисо осон набуд. Танҳо як калисо дар ҷануби Маскав барои баргузории маросими видоъ бо Навалний розӣ шудааст.