Нашрияи русии "Известия" бо такя ба таҳлили ширкати "Финион" иттилоъ дод, ки ширкатҳои хусусии Русия аз соли 2022 дар Сербистон 9000, дар Иморот ҳудуди 1600, дар Арманистон 800 ва дар Қирғизистон 450 бахши худро кушоданд.
Раиси ширкати "Финион" Вячеслав Картамишев гуфтааст, онҳо ширкатҳое ҳастанд, ки дар бахшҳои фанноварӣ (IT), ҳамлу нақл ва хидматрасонӣ кор мекунанд.
Дар гузориш ҳамчунин гуфта шуда, ки ин "кишварҳои дӯст" бо таҳримҳои зидди Маскав розӣ нестанд ва барои ширкатҳои русӣ имтиёзҳои молиётӣ (андозӣ) низ додаанд.
Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва Амрико эъломи таҳримҳоро ба зидди Русия дар соли 2014 ва дар пайи ишғоли нимҷазираи Қрими Украина шуруъ карданд.
Бастаи таҳримҳо аз соли 2022, замони таҷовузи Русия ба хоки Украина, сахттар ва бештар шуд.