Як манбаъ дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, Мирзоева "аз роҳбарияти корхонаи коркарди гази ноҳияи Муборак дар ивази танқид накардани корхона пул талаб кардааст".
Ҳоло Мирзоева боздошт шуда, дар ҳабс қарор дорад.
Гулноза Мирзоева дар суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва хонаводаи ӯ танқид мекард.
Мирзоева хонаводаи президентро "дар сохтмони хонаҳои гаронбаҳо, фасодкорӣ ва хешутаборбозӣ" айбдор мекард.
Як фаъоли наздик ба Гулноза Мирзоева мегӯяд, ҳабси блогер ба он рабт дорад, ки вай мехост, мавридҳои фасодро дар корхонаи коркарди гази Муборак ошкор кунад.
Дар як соли охир дар Узбекистон зиёда аз 10 блогер ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро бо айбҳои "тамаъҷӯӣ" ва "таҳқири президент" ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ карданд.