Ҷанги Украина мардуми Суғдро аз гармӣ маҳрум кард
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти вилояти Суғд гуфтанд, ҷанги Украина чанд тарҳи иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Украинаро баҳам зад. Як лоиҳае, ки иҷрояш мебоист, аввали соли 2022 сар мешуд, якбора қатъ гардид ва масъалаи гарм кардани биноҳои се шаҳри азими Тоҷикистон ҳалношуда боқӣ монд.