Додгоҳи олии Тоҷикистон онҳоро рӯзи 22-юми феврал ба зиндон маҳкум кард. Мурофиа, ба қавли раиси Додгоҳи олӣ, “боз” буд, вале дар Боздоштгоҳ ва бе ҳузури хабарнигорони мустақил гузашт. Маълум нест, дар ҷараёни муҳокима ҷонибҳо чӣ гуфта ва чӣ шунидаанд.
Доктори илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов ин ҳукмро “боис ба нигаронӣ ва нороҳатӣ” донист.
Ӯ рӯзи 23-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт: “Онҳо ба ҷомеа хатарнок нестанд. Кирдору рафторашон бештар дар ташаккули мусбати афкори иҷтимоӣ дар мавриди давлатдорӣ, мукаммал кардани равандҳои муносибатҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ аст.”
“Раванди баррасии мурофиа дар паси дарҳои пӯшида бар хилофи тартиби муқарраршуда доир гардид. То чӣ андоза ширкатдорони мурофиа, бахусус айбдоркунанда, адвокат баробар буданд ва, инчунин, онҳое, ки ҳамчун коршинос ҷалб шуданд, одоби касбиро риоя карданд, мушкил аст. Бинобар ин, дар робита ба эълони ҳукм, саволҳо ва муаммоҳо бештар ба назар мерасанд ва ҳамаи ин, машрӯияти ҳукми эълоншударо саволбарангез мекунад," - -афзуд ӯ.
Мақомот то ҳанӯз ҳукм ва ҷузъиёти онро нагуфтанд.
Пайвандони Абдухалил Холиқзода, Абдуқодири Рустам ва Сӯҳроб Раҷабзода низ мавқеи худро баён надоштанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳукми "махфӣ". Абдухалил Холиқзода ва Абдуқодири Рустам маҳкум шудандАбдухалил Холиқзода, Абдуқодири Рустам ва Сӯҳроб Раҷабзода дар пайванд ба нашри китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар тобистони соли 2023 дастгиру муҳокима шуданд.
Мақомот ин китоби ёддоштиро, ки дар моҳи марти соли 2023 муаррифӣ шуд ва дар он ба фасоду муҳоҷират, фазои нохуби соҳибкорӣ ва сатҳи поини фарҳангу таълим дар Тоҷикистон ишора шудааст, “сабаби барангехтани кинаву адовати миллӣ” донистанд.
Баъзе аз намояндагони ҳукумат ва тарафдорони онҳо муаллифро ба паст задани намояндагони маҳалҳои гуногун танқид карданд. Абдухалил Холиқзода пеш аз боздошт ин ҳамаро рад кард ва дар саҳифааш дар "Фейсбук" навишт, ки барои ӯ на маҳал, балки "тақдири миллат ва амнияту рушди кишвар муҳим аст". Сухани ӯ ва ҳамроҳонаш дар мурофиаи охири додгоҳӣ маълум нест.
Чанде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, фаъолон ва намояндагони мухолифон, аз ҷумла созмони “Бунёди Бузургмеҳр” ва Паймони миллӣ ҳукми се нафарро маҳкум ва ҳукуматро ба кӯшиши бастани даҳони дигарандешон гунаҳкор карданд.