Михайло Подоляк, ёвари аршади раисиҷумҳури Украина рӯзи 24 феврал гуфт, ки пешгӯӣ кардани замони хатми ҷанг ғайриимкон аст. Ӯ ишора кард, ки ҳукумати Зеленский дар ҳоли ҳозир ҷонибдори гуфтушуниди сулҳ бо Русия нест, зеро ин маънои “марги тадриҷии Украина”-ро дорад.
Подоляк эътироф кард, ки захираҳои аслиҳаи мавҷуда бояд санҷида шавад ва барои хатми ҷанг "ба ҷуз суқути хатти ҷабҳа ва шикасти тактикии Русия” зоҳиран имкони дигаре вуҷуд надорад. “Ҳама гапҳои дигар як афсона аст", гуфт ӯ.
Ӯ афзуд, ки дар сурати бо силоҳҳои зарурӣ таъмин шудани Украина, артиш метавонад ба ҳадафҳои низомӣ даст ёбад.
Украина имсол эълон кард, ки аз мавқеи дифоъ ба ҳамлаи ҷавобӣ ба зидди нерӯҳои Русия гузаштааст, вале натавонист нерӯҳои Русияро дар хати пеши ҷабҳа ба ақибнишинӣ водор кунад. Русия ҳамчунон ҳамлаҳои худро ба Украина давом медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ аз замони таҷовузи Русия ба хоки Украина, ба Киев миллиардҳо доллар кӯмак кардаанд. Амрико ва муттаҳидони аврупоиаш ваъда додаанд, ки то вақти ғалабаи Украина ирсоли муҳимоти низомиро ба ин кишвар идома медиҳанд.