Тоҷикистон ва Узбекистон ду истгоҳи назорати обро ифтитоҳ карданд

Акс аз вебсайти kun.uz

Бо мусоидати барномаи давлатии Швейсария “Blue Peace Central Asia” рӯзи 23 феврал дар соҳилҳои Канали калони Фарғона ва Канали шимолии Фарғона Тоҷикистон ва Узбекистон ду истгоҳи назорати обро ифтитоҳ карданд.

Дар ин бора матбуоти Узбекистон хабар додааст, вале мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора хабаре нашр накардаанд.

Маросим рӯзи ҷумъа бо иштироки мақомоти ду кишвар, аз ҷумла, вазири хоҷагии оби Узбекистон ва вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон баргузор шуд.

Ду истгоҳи обӣ бо номи «Патар» и «Сарвак» дар сарҳади ду кишвар ҷойгир буда, кори онҳоро мутахассисони Тоҷикистон ва Узбекистон онро якҷоя пеш хоҳанд бурд.

Ба навиштаи kun.uz, Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ин маросим гуфтааст, ки чунин таҷрибаи ҳамкорӣ барои мудирияти дуруст ва ҳамоҳангшудаи ҳаракати об дар байни ду кишвар мусоидат мекунад.

“Бақайдгирии маълумот автоматӣ сурат мегирад ва маълумот дар бораи харҷи об дар истгоҳҳои “Патар” ва “Сарвак” ҳамон замон дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон гузошта мешавад. Ин чиз барои мудирияти муассири захираҳои об дар каналҳои байнисарҳадӣ кӯмак мекунад, эътимоди миёни ду ҷонибро боло мебарад ва табодули иттилои дуруст ва саривақтиро таъмин мекунад”, гуфтааст Далер Ҷумъа.

Шавкат Ҳамроев, вазири хоҷагии оби Узбекистон гуфтааст, “ба шарофати дастовардҳои ҳосилшуда, кишварҳои мо барои рушд ва суди бештар дар масъалаи мудирияти захираҳои об имкониятҳои зиёде доранд”.

Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғди Тоҷикистон дар ин маросим гуфтааст, ки ду кишвари ҳамсояе, ки аз Сирдарёву Амударё об мехӯрад, “тавони якҷоя ҳал кардани масъалаҳои умумиро дорад. Об барои рушду шукуфоӣ аст, на барои ихтилоф”.

Саломе Штайб, раиси созмони швейсарӣ дар ин маросим гуфтааст, ки ҳамкории зичи Тоҷикистон ва Узбекистон дар масоили марзӣ ва об баёнгари иродаи қавии сиёсии ду кишвар мебошад. “Дар доираи давраи дуюми иҷрои барномаи “Blue Peace Central Asia”, ки моҳи сентябр шурӯъ мешавад, мо хостори пешкаши имкониятҳои васеи айни чунин фаъолиятҳо бо ҳамаи дигар ҳамсояҳои Тоҷикистон мебошем”, гуфтааст Штайб

Мутахассисони швейсарӣ, ки барои танзими ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Миёна дар масъалаи мудирияти об кӯмак мекунанд, мегӯянд, бо афзоиши талабот ва кам шудани захираҳои об, ҳамкории корсоз дар масъалаи мудирияти об аҳамияти бештар касб мекунад.

Давлати Швейсария беш аз бист соли охир ба Тоҷикистону Узбекистон дар масъалаи ислоҳот дар бахши об ёрӣ мерасонад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Рушди иқтисод" – як сабаби маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон? ВИДЕОРасонаҳо: Канали "Қуштеппа" рахна шудааст?Э.Раҳмон аз буҳрони ҷаҳону обу Қуръон гуфт, на аз мушкилоти Тоҷикистон