Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Канали "Қуштеппа" рахна шудааст?


Канали "Қуштеппа" дар шимоли Афғонистон, ки аз дарёи Ому об мегирад, рахна шудаааст.

Бино ба тасвирҳои моҳвораи аврупоии "Sentinel-2”, дар заминҳои назди канал кӯле ба дарозии 9 километр ба миён омадааст.

“Тасвирҳои нав нишон медиҳанд, ки масоҳати кӯл пайваста афзоиш меёбад ва метавонад бозгӯи он бошад, ки гуруҳи "Толибон" тавони ҳалли мушкилро ё надоранд ва ё намехоҳанд", - гуфтааст Александр Колотов, ҳамоҳангсози эътилофи “Рӯдхонаҳои бидуни марз” дар Осиёи Марказӣ.

Намояндагони "Толибон" то ҳол хабари рахнашавии каналро шарҳ надодаанд. Як рӯзноманигор дар Кобул, ки аз мақомоти "Толибон" шарҳи ҳодисаро хостааст, ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, "Толибон" вуҷуд доштани вазъи изтирориро дар "Қуштеппа" рад мекунанд.

Сухангӯи "Толибон" гуфтааст, "барои сохтани пул бар болои канал ба заминҳои гирду атроф як миқдор об кушода шудааст”.

Ба иттилои бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, тарҳи канали "Қуштеппа" дар даҳаи ҳафтодуми асри гузашта ва дар замони раҳбарии Муҳаммад Довудхон, аввалин раиси ҷумҳурии Афғонистон тарроҳӣ ва ин нақша дар соли 2018 дар замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ такмил шуд.

Баробари ба қудрат расидани "Толибон", онҳо барои бунёди ин канал аз буҷет 100 миллион доллар ҷудо карданд ва кори амалии он дар моҳи марти соли 2022 оғоз шуд.

Аз тариқи ин канал солона 10 миллиард метри мукааб об ба Афғонистон сарозер хоҳад шуд. Бар асоси маълумоти ҳукумати "Толибон", канали "Қуштеппа" дар вулусволӣ ё ноҳияи Калдор оғоз шуда, аз даштҳои Ҳайратон мегузарад ва ба ноҳияи Давлатободи Балх мерасад.

Ин канал 280 километр дарозӣ ва 8,5 метр чуқурӣ дошта, зарфияти обёрии ҳудуди 500 ҳазор гектар заминро дар вилоятҳои Балх, Ҷузҷон ва Форёб дорад.

XS
SM
MD
LG