“Зиндагӣ дар ҷонам зад” “Шумо дар ҷони ман задед” “Мурданам беҳтар аст, аз ин зиндагӣ”. Медонед, ки ин гапҳо чӣ пайёме доранд? Дар кадом ҳолат гуфта мешаванд ва касе, ки чунин чизе мегӯяд, он лаҳза чӣ эҳсос дорад?
Шояд баъзеҳо дар лаҳзаҳои мушкили зиндагии худ бо ин гуфтаҳо фақат эҳсоси худро баён месозанд ва фикри баде надоранд. Аммо дар бархе ҳолат, ба гуфтаи равоншиносон, ин “бонги хатар” ё яке аз нишонаҳои қасди худкушӣ аст. Вале чаро? Чӣ чизе касро аз зиндагӣ безор мекунад? Чӣ сабаб мешавад, ки масалан як зан, модари чанд фарзанд аз зиндагӣ дасту дил бишӯяд? Ин беморист ё эътироз ба атрофиён? Ба чунин афрод бояд раҳм кард ё нафрат?
Дар нашри нави "Салом, хоҳар" сари ҳамин саволҳо ва ин мавзӯи бисёр муҳиму ҳассос суҳбат мекунем.
Соли 2023 дар Тоҷикистон тақрибан 200 зан худкушӣ кардааст. Ин танҳо омори расмӣ ва ҳолатҳое аст, ки мақомот ошкор кардаанд. Мавридҳои зиёде ҳам ҳаст, ки бо далелҳои мухталиф ё барои беобрӯ нашудан бархе худкушии наздикони худро ошкор намекунанд. Маъмулан, онҳое, ки қасди ҷони хеш кардааанд, худро ба об андохтаанд ё овехтаанд. Вале дар ҳодисаи ахире, ки чанд рӯз пеш Вазорати корҳои дохила хабар дод, зан бо қасди худкушӣ аз корду сирко истифода кардааст.
Ҳодиса дар ноҳияи Варзоб рух додааст. Ба гуфтаи вазорат, зани ситамдида баъди зулму латукӯби бераҳмонаи шавҳараш қасди ҷони худ кардааст. Бо корд рагҳои хешро бурида, 30 дору ва сирко хӯрдааст. Занро ба бемористон бурдаанд ва сарнавишташ ҳоло номаълум аст. Аммо дар мисоли ин зан рӯшан аст, ки ҷабру ситаму зулм ӯро ба ин ҳол овардааст.
Дар зимн як пажӯҳиш дар бораи хушунат бо занон дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки яке аз паёмадҳои бадтарини озори занон худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ аст. Чанд мавриде ҳам расонаӣ шуд, ки барои ба худкушӣ расонидани зан, шавҳар, ё аъзои дигари оиларо ба зиндон андохтаанд. Мавридҳо ҳам кам нестанд, ки омили худкушии занону духтарон барои пайвандону атрофиён асрор мемонаду мақомот ҳам дар кушодани ин гиреҳ мушкил мекашад.
Барномаро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мисли худкушии асроромези ду духтар дар Суғд, ки моҳи сентябри соли гузашта якҷо худро ба об партофтанд ва баъд аз 6 моҳ Додситонии вилоят гуфт, ба тафтиши ин ҳодиса сар кардааст.
Дар зимн худкушӣ дар Суғдро масъулини Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон ба фарқ аз дигар минтақаҳо нигаронкунанда мехонанд.
Мутахаcсисон мегӯянд, қасди худкушии занон як навъи эътироз ва ҷазо додани атрофиён аст. Онҳо дар ҳолати шадиди афсурдагӣ ва нотавонӣ бо ин шева норозигии худро баён мекунанд. Ин чӣ ҳолат аст ва сабаби аслӣ чӣ аст? Бо ин ва чанд саволи дигар мо ба Нигина Маҳмадҷонова, равоншиноси оилавӣ муроҷиат кардем, ки собиқаи 20-солаи корӣ дорад. Дар бораи занон китобе ҳам навишта, дар он қиссаҳои воқеии занони хушунатдидаро гирд овардааст. Ӯ аз чанд ангеза ва омилҳои худкушӣ ном мебарад.
“То ҳол равоншиносони машҳур ва рӯҳшиносон сабаби асосии ин падидаро нагуфтаанд. Таҳқиқотҳо идома доранд. Аммо аз таҷрибаи худам гуфта метавонам, ки инҷо асосан ду сабаб аст. Якум сабаб заифии вазъи руҳии нафар аст ё тавре мардум мегӯянд, косаи сабр лабрез мешавад. Аз байни 10 нафар, 1-2 нафар мумкин мушкили равонӣ дошта бошад, вале аксаран, масъалаи хушунати хонаводагӣ аст. Хоҳ аз тарафи шавҳар бошад, хоҳ аз тарафи падару модар ё бародар ва ё хушдоман. Занҳо ба ҳолате дучор мешаванд, ки дигар ягон илоҷе намебинанд. Аз тарафи дигар ин ҷо фақат шавҳару хушдоманро айбдор кардан чандон дуруст нест. Як сабаби асосӣ ин қабул нашудани духтар аз сӯйи падару модар аст. Касоне ба ин амал даст мезананд, ки падару модарашон онҳоро ба хона қабул намекунанд ва ин занон дигар илоҷе намебинанд ва дар ҳолати бисёр мушкил худро ҳис карда ба хулоосае меояд, ки ман бояд худамро кушам. Баъзеҳо фарзандонро ҳам бо худ мебаранд. Афсӯс” – гуфт, равоншинос, Нигина Мамадҷонова.
Воқеан чизе, ки чанд соли ахир мақомот ва ҳам ҷомеаро нигарон кардааст, ин аст, ки худкӯшии занон якҷо бо фарзандонашон бештар шуд. Яъне модарон, ки барои фарзандон ҷонашонро дареғ намедоранд, акнун ҷигарбандонашонро ҳам бо худ ба сӯйи марг мебаранд. Аз равоншинос пурсидем, ки чаро чунин аст? Кас дар чӣ вазъияте метавонад, чунин тасмими даҳшатнок бигирад? Нигина Мамадҷонова гуфт: “Ҳоло дар мисоли як оила мегирем, вақте зану шавҳар тасмим мегиранд, ки ҷудо шаванд, оилаи шавҳар ба зан мегӯяд, агар аз ин хона барои фарзандатро бо худ бигир, ба мо сағераи ту даркор нест. Аксаран занҳо дониш надоранд, ягон ҷо кор намекунанд ва аз шавҳар вобастаанд. Ин ҳолатҳоро албатта ҳар як зан мушоҳида мекунад ва бо ҳамин фикр ва дар ҳолати ҳаяҷон зан тасмим мегирад фарзандро ҳам бо худ бигиранд. Албатта, ин роҳи дуруст нест, аммо зане, ки дар ҳолати ҳассосияти баланд аст ва мушкили равонӣ дар ҳамон маврид дорад, ӯ фикр намекунад. Вале афсус, ҳаёт як чизи ширин аст ва бисёр тарафҳои мусбат дорад, афсус, ки бархе занҳо ҳамин роҳро интихоб мекунанд.”
Равоншинос мегӯяд, ҷойе, ки умед ҳаст, ягон зан фикри худкушӣ намекунад. Ба гуфтаи ӯ, бояд наздикон ба чунин афрод умед бахшанд ё роҳҳои дигареро барои пешгирӣ аз фоҷеа истифода кунанд. Ӯ ба занҳо машварат медиҳад, ки дар ҳолатҳое, ки дар бунбаст қарор мегиранд, беистиҳола ба равоншиносону муттахассисон муроҷиат кунанд, кӯмак пурсанд ва ё ҳама дарду ғамро дар худ нигаҳ надоранду ба наздиктарин одами худ бигӯянд ва бо ҳамин афсурдагиро берун созанд.
Суҳбат дар бораи маргу зиндагибезорӣ ва ҳолати тӯлонии афсурдаҳолӣ, ба гуфтаи равоншинос, яке аз нишонаҳои қасди худкушӣ доштани одам будааст. “Бисёртар ӯ дар бораи марг гап мезанад. Вақте зан медонад, ки пагоҳ мақсади худкушӣ дорад, як рӯз пеш ӯ хонаро хеле тоза мекунад, фарзандонро оббозӣ медоронад. Омода мешавад. Ба ҳеҷ кас гап намезанад. Вақте ин ҳолатҳоро мебинед, бояд ҳар як нафар таваҷҷӯҳ кунад. Вақте зан бо шавҳараш ҷанг мекунад ё бо хушдоманаш гапаш мегурезад, вай мегӯяд, “Шумо дар ҷони ман задед”, “Зиндагӣ дар ҷони ман зад”, “Мурам беҳтар аст, аз ин зиндагӣ” ба ин бояд ҳар як кас таваҷҷӯҳ кунад. Бархе мегӯянд, ӯ моро тарсонданӣ аст. Вале ҳаммааш аз тарсондан сар мешавад. Ин якум нишонаест, ки зан як мушкиле дорад,”--гуфт равоншинос.
Барои пешгирӣ аз ин ҳодиса, ба бовари равоншиносон, дар кишвар бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ, махсусан миёни занони солдида бештар шавад, то онҳо дар лаҳзаҳои мушкил тавонанд занони ҷавонро дарк кунанду машварати дуруст диҳанд. “Бояд ба онҳо фаҳмонида шавад, ки баъзан сухани онҳо метавонад қатраи охирон дар косаи сабри зан шавад. Чун баъзан хушдоманҳо мегӯянд “хайр, ба мо ҳам сахт мегуфтанд, мо ку намурдем.” Ба назди модараш меравад ва ба ӯ шикоят мекунад. Модараш мегӯяд, “духтарҷон сабр кун. Маро ҳам падарат мезад, ҳичӣ нашудам.” Сабр баъзан чизи хуб нест. Муроҷиат кунед, кӯмак пурсед, машварат пурсед.”
Худкушӣ роҳӣ наҷот ва ҳал нест, ба таъкид мегӯянд, муттахассисон. Равоншинос машварат медиҳад, ки волидон ва хонаводаҳо бояд натарсида ва ошкорро дар ин бора бо фарзандони худ сӯҳбат кунанд ва онҳоро дар рӯҳияе тарбия кунанд, ки роҳи наҷот аз мушкилеро дар худкушӣ набинанд ва баръакс, барои тағйири зиндагии худ мубориза баранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Сирко нӯшид." Худкушии як зан дар назди РКД-и минтақаи Кӯлоб. ВИДЕО"Ҷасадро баъди ташхис гӯронданд." Таҳқиқи марги духтари 19-сола. ВИДЕО"Ба дор овехтааст." Худкушии як зани 33-солаи тоҷик"Дастҳояшон баста буд." Таҳқиқи сабабҳои худкушии ду духтар дар Панҷакент. ВИДЕОМодари серфарзанд худро ба оби Вахш партофт, вале наҷот ёфт. ВИДЕО