Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба дор овехтааст." Худкушии як зани 33-солаи тоҷик


Як зани 33-сола дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд худкушӣ кардааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 7-уми декабр хабар дод.

Манбаъ гуфт, ҳодиса рӯзи 17-уми ноябри имсол иттифоқ уфтодааст, аммо ному насаби занро ошкор накард.

Дар пайванд ба ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, дар ин ҳодиса падару модари шавҳари зан гумонзад ҳастанд.

"Марди 65-сола ва зани 63-сола аз соли 2021 нисбати келинашон суханҳои кабеҳ гуфта, мунтазам шаъну шарафашро паст задааанд," -- гуфта шудааст дар иттилояи расмӣ. Назари онҳо ва хешовандонашон дастрас нест.

Куштор ё худкушӣ дар заминаи муноқишаҳои хонаводагӣ дар Тоҷикистон зиёд рӯй медиҳанд.

Дар бештари маврид мақомот шахсеро барои "ба худкушӣ расонидан" ба ҷавобгарӣ мекашанд. Дар баъзе ҳолати дигар, нафаре, ки худашро куштааст, "бемори равонӣ" номида мешавад.

XS
SM
MD
LG