Гурӯҳи байнулмилалии рӯзноманигорони таҳқиқотгар нақшаи дигари интиқоли молҳои "мамнуъ"-ро ба Русия ошкор карданд.
Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP), "Бюро медиа" (Беларус) ва нашрияи "Вёрстка" (Русия) муайян кардаанд, ки ширкатҳои қазоқистонӣ ва беларусӣ дар давр задани таҳримҳои зидди Русия мусоидат кардаанд.
Қазоқистон ва Беларус узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳастанд ва молҳо тавассути марзҳои дохилии созмон бе тафтиши гумрукӣ мегузаранд.
Ширкатҳои қазоқистонӣ дастгоҳу таҷҳизотро аз Аврупо фармоиш медиҳанд ва бор барои "нигаҳдории муваққат" ба Беларус бурда мешавад. Сипас аз онҷо мустақим ба Русия ворид карда хоҳад шуд.
"Омори гумруки Русия нишон медиҳад, ки тавассути нақшаи мазкур ба 5,9 миллион доллар ба ин кишвар молҳои "мамнуъ" ворид карда шудааст", - омадааст дар таҳқиқоти рӯзноманигорон.