Тоҷикистон бо "Толибон" гуфтушунид дорад?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пажуҳишгоҳи швейтсарии умури ҷаҳонӣ ё Swiss Institute for Global Affairs рӯзи 21-уми феврал навишт, “Толибон” бо дархости мақомоти Тоҷикистон миёнарави гуфтушуниди онҳо бо ҷамоати “Ансоруллоҳ” шудаанд. “Ансоруллоҳ”, ки асосан аз ҳисоби ҷангҷӯёни тоҷик таркиб ёфтааст, дар хоки Афғонистон фаъол аст.