Чанде пеш як мутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, ки баланд будани баҳраи қарзҳои бонкӣ "боис ба дастнорас будани онҳо ба аксари аҳолӣ ва соҳибкорон гаштааст".
Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллӣ, ҳафтаи гузашта дар нишасти матбуотӣ гуфт, феълан фоизи миёнаи қарзҳо 23% аст ва барои поин кардани он талош доранд.
Ӯ афзуд, агар дар соли 2017 ё 2018 баҳраи миёнаи қарз 28 фоиз буд, дар соли 2023 ба 23 дарсад поин омадааст.
“Инро ба инобат гирифтан даркор, ки ҷалби маблағҳо чӣ хел ба роҳ монда мешаванд. Дар он ҷо хароҷоте ҳаст, ки худи бонкҳо доранд. Алалхусус, вақте маблағҳо аз хориҷи кишвар меоянд. Дар он ҷо боз масъалаи хавфи асъорӣ ҳаст. Ҳамаи ин чизҳо илова карда мешавад ва баҳраи қарз муқаррар карда мешавад. Дар маҷмуъ нигарем, тамоюли пастшавиро мо дида метавонем," - гуфт Фирдавс Толибзода.
Аз баҳраи баланди қарз дар бонкҳои Тоҷикистон қаблан мақомот ва соҳибкорон шикоят карда буданд.