Юлия Навалная Путинро масъули марги шавҳараш номид

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Юлия Навалная, ҳамсари Алексей Навалний, гуфт, муборизаро барои як Русияи озод идома медиҳад ва аз пайравони мухолифони ҳукумат хост, ба зидди Владимир Путин бо хашми беш аз ҳар вақти дигар мубориза баранд. Ӯ президенти Русияро қотили шавҳараш номид, ки ба қавли ӯ фарзандонашро аз падар маҳрум кард.