Бошқирдистон: Парванда ба зидди 64 кас барои гирдиҳамоӣ

Дар Бошқирдистон нисбат ба 64 кас бо иттиҳоми "ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ" ва "хушунат нисбат ба пулис" парванда кушодаанд. Онҳо дар гирдиҳамоӣ ба ҷонибдорӣ аз фаъоли шаҳрвандӣ Фаил Алсинови зиндонӣ иштирок карда буданд.

Аксари муттаҳамони парванда боздошт ва дар ҳабс қарор доранд. Дар миёни боздоштшудаҳо чаҳор зан низ ҳаст.

Дар майдони марказии шаҳри Уфаи Бошқирдистони Русия рӯзи 19-уми январи имсол теъдоде аз сокинон гирдиҳамоӣ карданд. Нашрияи SotaVision навишт, теъдоди онҳо ба 1,5 ҳазор нафар мерасид.

Инҳо асосан тарафдорони фаъоли маҳаллӣ Фаил Алсинов буданд, ки рӯзи 17-уми январ ба чор сол зиндон маҳкум шудааст. Дар рӯзи эълони ҳукми Алсинов низ гирдиҳамоӣ ташкил ва бо пулис занозанӣ сурат гирифт.

Сокиноне, ки рӯзи ҷумъа дар майдони марказии Уфа ҷамъ шуданд, сурудхонӣ карданд.

Нерӯҳои вижаи пулис чанд кас, аз ҷумла духтареро боздошт кардаад, ки дар даст шиор дошт.

Додгоҳе дар Бошқирдистони Русия фаъоли иҷтимоӣ Фаил Алсиновро ба барангехтани бадбинӣ ё душманӣ гунаҳкор кард. Мақомот гуфтанд, Алсинов дар як суханрониаш рӯзи 28-уми апрели соли 2023 дар ноҳияи Баймак шаъну шарафи "сокинон Қафқоз", "Осиёи Марказӣ" ва "арманиҳо"-ро паст задааст. Алсинов ин айбро рад кард.