Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон амалиётеро, ки 17-уми феврал дар 8 шаҳру вилояти он кишвар сурат гирифт, шарҳ дод.
Хадамоти матбуотии кумита иттилоъ дод, ки 17-уми феврал дар вилоятҳои Оқтеппа, Атирау, Қазоқистони Шарқӣ, Ҷамбил, Қазоқистони Ғарбӣ, Туркистон, Жетису ва шаҳри Чимкент амалиёт гузаронида шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи амалиёт фаъолияти 8 гурӯҳи ҷиноӣ ошкор ва аъзои онҳо дастгир гаштаанд.
"23 кас, аз ҷумла ҷонибдорони ҷараёнҳои харобкори мазҳабӣ боздошт шуданд. 17 нафар дар боздоштгоҳи муваққатӣ буда, 6 тани дигар вазифадор шудаанд, ки дар сурати даъват ба мақомот ҳозир шаванд," -- омадааст дар иттилоияи кумита.
Боздоштшудаҳо дар таблиғи терроризм, одамрабоӣ, тамаъҷӯӣ ва қочоқи маводи мухаддиру силоҳ муттаҳам мешаванд.
Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон аз ироаи ҷузъиёти бештар бо баҳонаи "сирри тафтишот" худдорӣ кардааст.