Рамазон Қодиров аз соли 2007 ин ҷумҳурии тобеи Русияро раҳбарӣ мекунад ва аксари наздиконашро вазифа додааст.
Муҳаммад Довудов, раҳбари порлумони Чеченистон гуфтааст, ки ба писари Қодиров ҳамзамон ордени олии ба номи Аҳмад Қодиров додаанд.
Аҳмад Қодиров, падари Рамазон Қодиров буд ва писарашро ба ифтихори бобояш ном гузоштаанд. Аҳмад Қодиров, раҳбари собиқи Чеченистон, ки соли 2006 дар як таркиш кушта шуд, дар ин кишвар қаҳрамон эълон шудааст.
Наздикони Рамазон Қодиров дар Чеченистон зуд-зуд ба вазифаҳои баланд таъин мешаванд.
Одам Қодиров, писари 16-солаи Рамазон Қодиров чанде пеш раҳбари муҳофизони президент таъин шуда буд.
Чанд рӯз пеш низ Хадича, духтари 24-солаи ӯ, муовини аввали раҳбари дастгоҳи ҳукумати Чеченистон таъин гашт.
Рамазон Қодировро аз дӯстони Путин медонанд ва ӯро барои саркуби дигарандешон танқид мекунанд.