Гуфтугуи телефонӣ бо чаҳор вазир дар як рӯз аҳёнан сурат мегирад ва ба қавли дипломатҳо мумкин аст, баёнгари масъалаи муҳиме бошад. Дар баёнияҳое, ки вазорати умури хориҷӣ рӯзи 17-уми феврал нашр кард, омадааст, ки дар ҳамин рӯз Сироҷиддин Муҳриддин, бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, Мурат Нуртлеу аз Қазоқистон, Бахтиёр Саидов, аз Узбекистон, Ҷайҳун Байрамов аз Озарбойҷон гуфтугӯ кардааст.
Дар баёния дар бораи гуфтугӯ бо Лавров омадааст: “Вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ карда, табодули афкор атрофи ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ анҷом доданд.”
Дар се баёнияи дигар гуфта шудааст, ки Сироҷиддини Муҳриддин бо вазирони Қазоқистону Узбекистону Озарбойҷон, масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро “бо тамаркуз ба тамосҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ ва баланд баррасӣ карданд.”
Дар бораи “тамосҳои қарибулвуқуъи сатҳи олӣ” чизе нагуфтаанд ва маълум нест сухан доир ба кадом гуфтугуҳои раҳбарони байни ин кишварҳо меравад.