Як марде дар вилояти Кирмони Эрон 12 узви хонаводаи худро ба қатл расондааст.
Ба гуфтаи додситони вилоят Иброҳим Ҳамидӣ, як марди 30-cола бомдоди шанбе 17-уми феврал бо автомати Калашников дар деҳаи Мазрааи Имом ба қатл расондааст.
Ба қавли додситон, сабаби ин амалкарди ваҳшатнок, ҷанҷолу даъвои хонаводагӣ будааст ва бародару падар ва ҳамсари худи ин ҷавон дар миёни ҷонбохтагон ҳастанд.
Ба навиштаи хабаргузории “ИРНА” фарди мусаллаҳ аъзои оилаи худро дар чанд хона ба қатл расонидааст ва талошҳо барои дастгир кардани ӯ идома доранд. Ба иттиллои чанде дигар аз расонаҳои эронӣ дар байни қурбониён кӯдакон низ ҳастанд ва се нафари дигар ҳам захмӣ шудаанд.