Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, рӯзи 16-уми феврал гуфт, ки кишварашро касе ба қабули таъсис додани кишвари мустақили фаластиниён водор карда наметавонад.
Пештар аз ин баёния рӯзномаи Вашингтон Пост навишт, ки ҳампаймони аслии Исроил, яъне Амрико дар ҳоли иҷрои барномаи таъсиси кишвари Фаластин аст.
Дар баёнияи расмие, ки пас аз гуфтугӯи телефонии Бенямин Нетаняҳу бо Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико нашр шуд, Нетаняҳу гуфтааст: “Исроил дастури байналмилалӣ барои ҳаллу фасли доимии масъалаи фаластиниёнро қотеона рад мекунад.” Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки “Исроил ба эътирофи якҷонибаи давлати Фаластин ҳамчунон мухолифат хоҳад кард”.
Ба қавли нахуствазири Исроил, таъсиси кишвари мустақили фаластиниён танҳо аз роҳи музокироти мустақим байни ду тараф мумкин аст, агарчӣ аз соли 2014 то кунун байни онҳо ягон гуфтугӯе сурат нагирифтааст.