Бино ба осори расмӣ дар як соли 2023 дар кишвар беш аз даҳ ҳазор оила аз ҳам ҷудо шудаанд. Шумори кӯдаконе, ки дар пайи талоқ гирифтани занон нимаятим мондаанд, ба фарқ аз як соли пеш 30 дарсад камтар будааст, аммо ба гуфтаи мақомот ин ҳам "омори кам нест".
Ҷомеашиносон мегӯянд, мушкили аслӣ аст, ки дар ҷомеа фарҳанги муомилаи дуруст байни ҳамсарони ҷудошуда шакл нагирифтааст ва баъд аз талоқ ҷанҷоли байни ҳамсарон то дер идома мекунад ва кудакон дар ин байн ҳайрону сарсон мемонанд. Давлат низ таъмини минбаъдаи онҳоро бар душ намегирад ва аксаран онҳо бо сарнавишти худ танҳо мемонанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Се фарзанди Адиба Қурбонова, сокини шаҳри Душанбе баъд аз ҷудо шудани волидон дар тарбияи модар монданд. Ин зан мегӯяд, шавҳараш баъд аз он ки ҳамсари дуюм гирифт, ӯро бо се фарзанд талоқ дод.
Бо гузашти се сол, ҳанӯз ҳам баҳсҳои додгоҳӣ бар сари тақсими хонаву пардохти алимент ниҳоӣ нашудааст. Адиба аз он гила дорад, ки ҳатто қарори додгоҳ дар мавриди тақсими хона ҳам мушкили ӯро ҳал накард ва бо се фарзанд саргардон аст. “Пагоҳ, ҳафтаи дигар, моҳи дигар гуфтанду аз байн се сол гузашт. Шавҳари ҳамакнун собиқамро даъват мекунанд, мегуяд, ман барои фарзандонам мекунам, аммо кай мекунад? Фарзандони ман калон мешаванд, бетарбия мешаванд, беҷой азоб мекашанд, дигар баъди ин ҳама фоида надорад”-нақл кард Адиба Қурбонова.
Ин зан мегӯяд, талоқ барои занон, мушкилиҳои зиёде меоварад, хусусан ба заноне, ки мисли ӯ ҷойи кору иқомат надоранд ва дар тарбияи фарзандон ҳам ба сахтиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд.
Ба иддаои Парвина, шавҳари собиқаш барои се фарзанд гоҳ-гоҳе “алимент" медиҳад, вале бо мушкилоти дигари онҳо кор надорад. “иҷора мешинам, беҳад мушкил аст, ҳоло соҳибхона гуфт, хонаашро фурухт моро аз онҷо берун карда истодаанд. Духтарони ман 11 сола, 9 сола ва хурдӣ 6 сола мешавад”.
Адиба ҳоло ҳар се духтарашро ба назди падарашон фиристодааст. Мегӯяд, то пайдо кардани манзили иҷора илоҷи дигар надорад. Вале аз он нигарон аст, ки зиндагии нобасомон ба равони кудакони ноболиғ таъсир мегузоранд.
Дар Тоҷикистон ҳазорон кудак айни сарнавишти фарзандони Адибаро доранд.
Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила теъдоди кудакони нимаятим мондаро нигаронкунанда хонд. Вай рузи 12-уми феврал гуфт: "ин бояд боиси ташвиши ҳама аҳли ҷомеа бошад.”
Пас аз ҷудошавии волидон бештар аз ҳама кӯдакон ҷабр мекашанд. Саркашии падарон аз пардохтани алимент, таъмин накардани кудакон бо сарпаноҳ ва маҳрум шудан аз меҳру тарбияи яке аз волидон, аз зарбаҳои аслии талоқ аст, ки бештар руйи кудакон таъсир мегузорад.
Солҳост мақомоти тоҷик аз афзоиши ҷудошавии оилаҳо нигаронӣ мекунанд. Талошҳо барои пешгирӣ аз ин мушкил чандон натиҷабор нестанд.
Сабаби афзоиши аз ҳампошии хонаводаҳо дар кишварро мақомот ва ҷомеашиносон ба мушкилоти иқтисодӣ ва маърифати пасти хонаводаҳо пайванд медиҳанд.
Муҳоҷират, дахолати ҷониби сеюм, зӯроварӣ ба зан ва надоштани хонаи алоҳида аз омилҳои дигаре будааст, ки “сутуни асосии ҷомеа”-ро дар ҳар кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон мешиканад.
Барно Саидвализода, раиси Хадамоти иҷро мегӯяд, соли гузашта ба зидди садҳо падар барои напардохтани алимент парванда кушодаву 568 нафари дигар барои сари вақт напардохтан ва пинҳон кардани суроғаи ҷойи зист, дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Теъдоди падарони саркаш дар қиёс бо соли 2022, 170 нафар бештар будааст.
Бархе аз ҷомеашиносон бар ин боваранд, ки то замоне шартномаи ақди никоҳ роҳандозӣ нашавад ва мардонро барои харидани манзили зист ба ҳамсари оянда вазифадор накунанд, ин мушкил ҳалли худро намеёбад.
Мақомот мегӯяд, ҷомеа ба ин омода нест, аммо ба назари Фируза Сатторӣ хабарнигори тоҷик, танҳо чунин як шартнома метавонад, ӯҳдадории таъмини молу мулк пас аз талоқро то ҷое танзим кунад ва дар сурати аз ҳам пошидани оилаҳо кӯдаконро бесарпаноҳу бесаробон намонад.