Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хатлон садҳо оила ҷудо ва беш аз 2 ҳазор кӯдак "нимаятим" шудаанд


Дар шаш моҳи аввали имсол дар вилояти Хатлон тақрибан 1900 оила аз ҳам пошидааст.

Мақомот гуфтанд, ин рақам дар муқоиса ба омори ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 400 маврид зиёд аст, вале сабаби афзоиши онро шарҳ надоданд.

Бунафша Раҳимзода, мудири Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Хатлон, рӯзи 14-уми июл гуфт, дар натиҷа, беш аз ду ҳазору дусад кӯдак "нимаятим" шудаанд. Яъне, дар тарбияи яке аз волидон монданд.

Мақомот сабаби ҷудошавии оилаҳоро бештар никоҳи барвақтӣ, якдигарнофаҳмӣ ва хушунати хонаводагӣ мегӯянд. Коршиносон сол то сол афзудани мавридҳои талоқро ташвишовар меноманд.

Ба иттилои расмӣ, дар соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз сездаҳ ҳазор оила аз ҳам ҷудо шуда, аз ин талоқҳо ҳудуди понздаҳ ҳазор кӯдак "нимаятим" мондаанд.

XS
SM
MD
LG