Вазир гуфт, консулгарии Афғонистон дар Хоруғ зери ҳокимияти Толибон нест.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ, дар зери ҳокимияти Толибон нест. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ин матлабро рӯзи 16-уми феврал дар нишасти хабарӣ баён кард.

Ӯ гуфт, "дипломатҳое, ки дар ин консулгарӣ кор мекунанд, аз соли 2020 аккредитатсия шудаанд ва баъди он, мо ҳеч дипломат ва коргари дигареро аккредитатсия накардаем".

Вазири корҳои хориҷӣ бо ишора ба изҳори назари бархе мақомоти дигари Тоҷикистон дар ин маврид гуфт, ки изҳороти онҳо нуқтаи назари шахсии онҳост ва баёнгари сиёсати хориҷии Тоҷикистон нест.

Ин ишораи вазири хориҷа ба изҳори назари раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президент аст, ки гуфта буд, Консулгарии Афғонистон дар Хоруг барои танзими кори бозорҳо ва тиҷорати наздимарзист.

Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон соли гузашта ду дафъа дар сархати хабарҳо қарор гирифт. Моҳи феврали соли гузашта дар пайи фаромадани тарма ё баҳман, бинои консулгарӣ вайрон шуда буд. Маротибаи дигар, моҳи ноябри ҳамон сол дар пайи танишҳои лафзӣ миёни Муҳаммадзаҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Душанбе ва бархе дипломатҳои афғон муқими шаҳри Хоруғ.

Муҳаммадзоҳир Ағбар он замон гуфта буд, Консулгарии ин кишвар дар Хоруғ "барои надоштани имконоти иқтисодӣ" аз кор мондааст ва кормандони он дар Душанбе ба фаъолият идома медиҳанд.

Аммо дар видеое, ки Ҳофиз Зиё Аҳмад, муовини сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Толибон рӯзи 9-уми ноябр дар сафҳаи X (Твиттер)-и худ нашр кард, нафаре бо номи Нақибуллоҳ Деҳқонзода суҳбат мекард ва худро сарпарасти Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон муаррифӣ менамуд.

Дар ин навор ӯ аз ҷумла мегуфт, ки ба таври мустақим зери ҳимоят ва назари Вазорати корҳои хориҷии Иморати исломӣ (Толибон ҳукумати худро "Иморати исломӣ" меноманд. РО) фаъолият мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон аз мунтақидони "Толибон" аст ва дар ду соли гузашта намояндагони дипломатии гурӯҳро қабул накардааст ва бинои сафорати Афғонистон дар ихтиёри намояндагони ҳукумати сарнагуншуда аст. Бо ин вуҷуд, додугирифти мол ва фурӯши барқ байни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон идома дорад.

Баъд аз сарнагун шудани низоми ҷумҳурият дар Кобул, чанд кишвар аз ҷумла Эрон намояндагиҳои дипломатии Афғонистонро дар ихтиёри гуруҳи "Толибон" гузоштанд.