Мақомоти як шаҳри Амрико ба муҳоҷири тоҷик сипосгузорӣ карданд. ВИДЕО

Рауф бо ҳамсараш Лаура

Мақомоти шаҳри Ҳартфорди Ғарбӣ дар Коннектикути Амрико ба як тоҷики муқими ин шаҳр барои кумакаш ба муҳоҷирон ва ақаллиятҳои қавмӣ сипосгузорӣ кардааст.
Рауф Маҷидиён, роҳбари як ширкати миёнарав-брокерӣ аст, ки соли 2009 ба Амрико рафта буд.

Ширкати ӯ комёб аст ва ӯ аз ин роҳ ба муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Узбекистон ва кишварҳои дигар кӯмак мекунад. Арзиши кори ӯро мақомоти ИМА низ қадршиносӣ кардаанд ва рӯзи 19-уми январи имсол ба ифтихораш ҷашн оростанд.

Рауф Маҷидиён мегӯяд, шаҳрдори Ҳартфорди Ғарбӣ ҳангоми таҷлил аз таъсиси ширкаташ 19-уми январро рӯзи ӯ номид.

“Ин рӯзи фахр аст барои ман, рӯзи таърихӣ аст. Сабаби эътирофашон, ин буд, ки ҳамчун як муҳоҷири фаъол дар шаҳрамон як навигарӣ меорем,”—гуфт ӯ.

Ӯ гуфт, мақомот ба онҳо ҳақ доданд, ки ба муҳоҷирон, ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла сиёҳпустон дар дарёфти “ипотекаи бонкӣ” кӯмак кунанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Ширкати Рауф Маҷидиён дар соли 2023 то ҷое комёб шуд, ки дар қатори 30 ширкати беҳтарини аёлати Коннектикут ҷой гирифт ва акнун намояндагиҳои худро дар шаш аёлати дигари Амрико кушодааст.

“Дар давоми ин солҳо як чизро дидам, ки бисёрии муҳоҷирон аз сабаби маълумоти кофӣ надоштанашон, мутаассифона хона намехаранд. Имкони харидан доранд, вале намедонанд, ки чӣ хел харанд. Мо ба онҳо роҳи хона хариданро омӯзонидем. Чӣ қадаре, ки ин корро кардан гирифтам, бозорам калон шудан гирифт. Ва хостем ширкати худамонро кушоем. Бо як ҳамкорам Ҷонсон Онӣ, ки худаш аз насли дуюми оилаи нигериягиҳост ва дар Амрико калон шуда, амрикоӣ мебошад, ин корро кардем. Дидем, ки як мардуми кам эътирофшуда, намояндаи кам доштагиҳо ба хизматрасонии мо ниёз доранд. Ба ин хулоса расидам, ки ширкатро дар шаш штат кушоем,”—гуфт ӯ.

Рауф Маҷидиён соли 2009 барои таҳсил ба Амрико омад ва риштаи тиҷорати байналхалқӣ ва муҳосиботро дар донишгоҳи Бруклин хатм кард. Нахуст корманди бонк шуд, вале кору зиндагӣ барояш осон набуд.

Ӯ гуфт, барои идомаи таҳсил дар Амрико сахтиҳои зиёд кашидааст ва ҳатто он солҳо “кори сиёҳ” низ мекард.

“Рӯзона дар донишгоҳ мехондам ва шабона таксӣ мерондам. Он солҳо сахт азоб кашидам ва ҳоло вақте Ню-Йорк меравам, як хотираи гарми хушрӯ надорам. Мутаассифона, фақат чизе дар хотирам мондагӣ аст, кор, кор, кор, кайф карда, як зиндагии хуби ҷавониро дида натавонистем,”—гуфт ӯ.

Меҳнатдӯстӣ ба Рауф имкон дод, пас аз хатми донишгоҳ кори хуб пайдо кунад. Ҷонсон Онӣ, коршарики Рауф мегӯяд: “Рауф ва ман ҳамдигарро зиёда аз шаш сол боз мешиносем. Робитаҳои мо бар пояи бовар, эҳтиром ва мақсадҳои муштарак бино ёфтааст. Ва ин ба мо имкон дод, мушкилотро паси сар ва ҳамроҳ пирӯзиҳоро бештар кунем. Ман қадри ӯро ҳамчун як дӯст ва ҳамкори кордони бизнеси худ баланд медонам.”

Рауф мегӯяд, барои худро ба кор дар Амрико созгор кардан, бо харидорон, хонафурӯшон, сармоягузорон муносибат кардан дар аввал барояш душвориҳо доштанд, вале ҳоло ин мушкилиҳо пушти сар шудаанд.

Дар пешрафти Рауф Маҷидиён саҳми ҳамсараш низ ҳаст. Ӯ аз Лаура Маҷидиён, ки шаҳрванди Амрико аст, ду фарзанд, Лолаи 8-сола ва Куруши се сола дорад.

Ба ҷуз аз кори ширкат Рауф корҳои хайриявӣ мекунад ва узви Шӯрои мудирони чанде аз чунин ширкатҳост.

Тулқун, як муҳоҷир аз Тоҷикистон мегӯяд, Рауф барояш кӯмак кард ва роҳ нишон дод. Ҳоло ӯ соҳиби хонаи худ аст.

Рауф Маҷидиён бовар дорад, ки агар касе сидқан заҳмат кашад, ҳатман комёб хоҳад гашт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Сафири ИМА гуфт, тоҷикон ба Амрико қонунӣ ва масъулона сафар кунанд. ВИДЕОТамара Катаева. Дур аз Тоҷикистон, вале бо ёди Тоҷикистон. ВИДЕОРонандаи тоҷик дар Амрико барои Тоҷикистон хайрия ҷамъ мекунад. ВИДЕО