Вазир таркиши Кӯлобро амали террористӣ номид
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо гузашти беш аз як моҳ аз таркиши мошини раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар шаҳри Кӯлоб, мақомоти Тоҷикистон расман онро "амали террористӣ" хонданд. Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, ин ҷиноятро "гурӯҳи муташаккил содир кардааст".