Мактаби паноҳҷӯёни афғонро дигарбора боз карданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ягона мактаби муҳоҷирону паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон пас аз саргардониҳои зиёд, ҷойи дигар пайдо кард. Дари ин мактабро, ки садҳо нафар таҳсил мекунанд, чанде пеш ба сабаби напардохтани пули иҷораи бино бастанд. Ҳоло гӯшае аз сафорати Афғонистон дар Душанбе ҷойи таҳсили онҳо шуд.