11000 кӯдаку навраси тоҷик нимаятим шудааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Танҳо дар як соли гузашта дар пайи ҷудо шудани оилаҳо дар Тоҷикистон 11 ҳазор кӯдак нимаятим мондаанд. Яъне талоқ сабаб шуда, ки ҳар рӯз 28 кӯдак аз тарбия ва оғӯши гарми падар ё модар маҳрум шаванд. Баъди ҷудоии оилаҳо, ки баҳсу ҷанҷолҳои тӯлонӣ дар пай дорад, бештар аз ҳама кӯдакон ҷабр мекашанд.