Мақомоти интизомии Тоҷикистон соли 2016 рӯйхати беш аз 300 намояндаи ақаллиятҳои ҷинсиро тартиб дода, гуфта буданд, ин афрод ба "гурӯҳи хатар" шомиланд.
Рамазон Раҳимзода 15-уми феврал ҳастии чунин рӯйхатро қотеона ва батакрор рад кард. Ӯ гуфт, ВКД-и Тоҷикистон ҳаргиз чунин рӯйхатеро пешниҳод ё нашр накардааст.
"Рӯйхатро мумкин шумо чоп карда бошед, дар мо чунин рӯйхат нест. Вақте ахборотро гуфтед, росташро бо далел гӯед,"-гуфт Рамазон Раҳимзода.
Радиои Озодӣ нусхаи маҷаллаи “Қонуният”-и сохторҳои ҳифзи қонун аз соли 2017-ро пайдо кард, ки худи вазири корҳои дохилӣ дар мақолааш аз таҳия шудани чунин рӯйхат хабар додааст.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Рамазон Раҳимзода дар шумораи №1-и ин маҷалла аз соли 2017 дар саҳифаи 24-уми он навиштааст, ки дар амалиёти ходимони ҳифзи ҳуқуқ бо номи шартии “Ахлоқ” ва “Тозакунӣ” ин афрод ошкор ва мушаххас шудаанд.
Дар ин маҷалла аз номи Вазири ВКД чунин гуфта шудааст: “Дар соли 2016 бошад гурӯҳҳои корӣ оид ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои осебпазири гомосексуалистон, лесбиянкаҳо, бисексуалҳо ва трансексуалҳо созмон дода шуда, дар натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба 367 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ба гурӯҳҳои осебпазир шомиланд, дастрас карда шудаанд, ки аз ин миқдор 319 нафар ба ҳамҷинсгароии мард бо мард ва 48 нафари дигараш бо ҷимои зан бо зан мебошанд, ки онҳо дар қайдҳои махсуси оперативӣ гузошта шудаанд.”
Хабарнигори Радиои Озодӣ зимни нишасти хабарӣ ҳамин масъаларо аз вазир Рамазон Раҳимзода пурсид, вале ӯ бо асабоният инро рад кард ва суол дод, оё хабарнигор худ ин феҳрастро дидааст. Вай бо қатъият гуфт, ки чунин феҳрист ҳаргиз таҳия ё пешниҳод нашудааст. Вазир бо ин шева мақолаи худашро рад кард ва маълум нест, дар он мақола рост мегӯяд ё дар нишасти хабарӣ.
Масъалаи ҳамҷинсгароён дар ҷомеаи Тоҷикистон як мавзӯи ҳассос аст. Камшуморон ё ақаллиятҳои ҷинсӣ дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон "аз афроди осебпазир" ба шумор мераванд ва аз ин рӯ, аз ифшои ҳуввияти худ меҳаросанд ва танҳо ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз рӯзгори худ мегӯянд. Теъдоди дақиқи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон маълум нест.
Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, камшуморони ҷинсӣ дар Тоҷикистн воқеан ҳам ба бахши гурӯҳҳои осебпазир шомиланд ва дар ҳолатҳои зиёд на танҳо аъзои ҷомеа, балки ходимони полис ҳам ҳуқуқи онҳоро нақз мекунанд.
Дар гузориши гузориши Департаменти давлатии ИМА: “Вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон” гуфта шудааст, ки мақомоти тоҷик “садҳо шахсони мутаалиқ ба аҳли ҳамчинсгароён аз марду зан, шахсони дуҷинса ва ҷинс ивазнамуда (LGBTI)- ро чун бахше аз нияти таъини рафтори ахлоқӣ ва ҳимояти қишрҳои осебпазири ҷомеа” рӯйхат кардааст.