Додгоҳи ноҳияи Восеъ Алихон Худоёрзода, муовини собиқи раиси ин ноҳияро бо айби “баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ” ба шашу ним соли зиндон маҳкум кард.
Мақомот сабаби зиндонӣ шудани ӯро шарҳ надоданд, вале манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, парвандаи ӯ ба тақсими нодурусти замин рабт дорад.
Абдулҳай Бегаҳмадзода, додситони ноҳияи Восеъ рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотии ҳукумати ин ноҳия гуфт, дар додгоҳ айби Худоёрзода тасдиқ шуд. Ӯ ҷузъиёти парвандаро шарҳ надод, вале гуфт, аъмоли муовини собиқи раисро муфаттишони додситонӣ тафтиш карда буданд.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Алихон Худоёрзода, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ дар масъалаи сохтмон ва ҳамзамон раҳбари ҳайати давлатии тақсими замин моҳи феврали соли 2023 боздошт шуда буд.
Муфаттишон фаъолияти ӯро аз соли 2017 ба ин сӯ тафтиш кардаанд.
Худоёрзодаи 58-сола, моҳи июни соли 2017 муовини раиси ноҳияи Восеъ таъин шуда буд.
Дар Тоҷикистон ҳамасола даҳҳо мансабдор барои тақсими ноодилона ё фурӯши ғайриқонунии замин боздошту зиндонӣ мешаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Барканории роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ дар Хатлон. ВИДЕОМошини мудири "Амонатбонк" дар ноҳияи Восеъ худаш сӯхт ё касе сӯзонд? ВИДЕОДодситонӣ алайҳи даҳҳо мансабдор парванда боз кардаастМуовини раиси як ноҳияро дар Хатлон боздошт карданд. ВИДЕОБаҳси бунёди манзили ду хоҳари нобино. Мақомот замин доданд, ҳамсоя намегузорад. ВИДЕО