Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ дар Хатлон. ВИДЕО


Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон рӯзи 19-уми январ гузаштааст
Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон рӯзи 19-уми январ гузаштааст

​​​​​​​Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо танқиди сахт аз кори мақомоти интизомӣ амр додааст, ки роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва муовинони онҳоро дар вилояти Хатлон барои бесалоҳиятӣ аз кор биронанд.

Тасмим рӯзи 19-уми январи имсол дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон эълон шуд.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, бар асоси тасмим

  • сардори Раёсати корҳои дохилӣ;
  • додситон;
  • сардори гурӯҳи фаврии Раёсати амният ва
  • раиси Идораи мубориза бо фасод дар Хатлон ва муовинони онҳо

аз мақом ронда хоҳанд шуд.

"Роҳбарони мақомоти мазкури вилоятӣ, минтақаӣ ва якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар иҷрои вазифаи хидматӣ ба бемасъулиятӣ роҳ додаанд," – гуфта шудааст дар хабари расмӣ, аммо тафсилот надодаанд.

Ба гузориши манбаъ, инчунин, дастур шудааст, ки

  • сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ дар Бохтару Кӯшониён; минтақаи Кӯлоб ва сардорони баъзе аз раёсати дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ;
  • сардорони баъзе аз раёсатҳои Додситонии кул ва додситонҳои чанд шаҳру ноҳия

аз вазифаашон барканор карда шаванд.

Аз кор рондани сардори гурӯҳи фаврии ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, сардорони чанд раёсати Дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва сардорони чанд раёсати Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз дастурҳои дигар будааст.

Азбаски ба ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон хабарнигорони мустақил роҳ намеёбанд, ба ҷуз иттилои расмӣ феълан ҷузъиёте дар даст нест. Дақиқ нест, дар ҷаласа чӣ гуфтаву чӣ шунидаанд ва сабаби барканориҳои пайиҳам чист.

Хадамоти матбуоти президент дар эъломияаш танҳо ишора карда, ки дар ҷаласа "сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ, ҳолатҳои коррупсионӣ, афзудани ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот" баррасӣ шуд.

Мақомот мегӯянд, раисҷумҳур дар ин маврид мисолҳои мушаххас ҳам овард, аммо ин мавридҳоро номбар накардаанд.

Зоҳиран ҳодисаҳои пурсарусадои соли гузашта дар Хатлон, бахусус дар Кӯлоб, сабаб шудааст, ки якбора теъдоди зиёди раҳбарони минтақаии Вазорати умури дохилӣ ва додситонӣ танбеҳ бигиранд.

Яке аз ин ҳодисаҳо, эътирози даҳҳо сокини Кӯлоб буд, ки моҳи январи соли гузашта бо талаби таҳқиқи одилонаи марги як сокини шаҳр, ки баъди боздошти кормандони милиса фавтид, тазоҳурот карданд. Дар Тоҷикистон гирдиҳамоии эътирозӣ мамнуъ ва як ҳодисаи нодир аст.

Оташ задани мошини Ҷумъаназар Саидаҳмадзода, додситони Восеъ ва сипас аз мақомаш рондани ӯ хабари дигари пурсарусадо аз Хатлон буд. Ва аввали ҳамин сол мошини раиси Ҳизби халқии демократӣ дар Кӯлоб таркид, ки тафтиши он идома дорад ва онро кори дасти афроди тундрав медонанд.

Танқид аз кори ниҳодҳои қудратӣ, амниятӣ ва интизомӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон дар замоне садо медиҳад, ки шикоятҳо аз кори онҳо дар солҳои ахир ва саркӯби ҷомеаи маданӣ аз тарафи онҳо бештару бештар садо медиҳанд.

Чаро Раҳмон даҳҳо мансабдорро аз кор ронд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG