Ҷамшед Нурмаҳмадзода, роҳбари Оҷонсии омор 14-уми феврал баъди пойфишории хабарнигорон маблағи фурӯши барқ ба хориҷаро эълон кард. Нурмаҳмадзода афзуд, соли гузашта барқи Тоҷикистон ба Афғонистон, Узбекистон ва Қазоқистон содир шудааст.
Рӯзи 13-уми феврал ширкати “Барқи тоҷик” эълон кард, ки соли 2023 аз Тоҷикистон ба хориҷ 2,6 миллиард киловат соат барқ фурӯхта шудааст. Аз ин 1,6 миллиард ба Афғонистон ва боқимонда ба Узбекистон ва Қазоқистон содир шудааст.
Роҳбари Оҷонсии омор афзуд, ба ҷуз содирот, соли гузашта Тоҷикистон аз берун 18,6 миллион киловат соат барқ ворид кардааст. Ҷамшед Нурмаҳмадзода гуфт, барқ аз Узбекистон ва Қирғизистон ворид шудааст.
Интиқоли барқ ба хориҷ дар шароите, ки мардуми Тоҷикистон бо маҳдудият барқ мегиранд, интиқодҳоро ба миён овардааст. Феълан сокинони деҳоти Тоҷикистон шабонарӯз фақат 8 соат барқ мегиранд. Аммо мақомот гуфтаанд, нерӯи барқ ба хориҷа асосан дар фасли тобистон ва дар вақти зиёд будани об фурӯхта мешавад. Ҷамшед Нурмаҳмадзода, роҳбари Оҷонсии омор ҳам гуфт, барқ асосан дар мавсими тобистон содир мешавад. Аммо шубҳаву гумонҳо ба ин ҳарфҳои мақомот зиёд аст.
Сокинон дар деҳоти Тоҷикистон аз тирамоҳи соли гузашта шикоят доранд, ки барқро бо маҳдудият дастрас мекунанд. Мақомот эълон карданд, ки бо сабаби кам будани об дар обанборҳо барқи кам истеҳсол мешавад ва маҳдудият ҷорӣ кардаанд, вале сокинон ба ин бовар надоранд ва мегӯянд, ҳаққи барқи онҳо ба кишварҳои беруна фурӯхта мешавад.