Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов аз 14-уми феврал то 2-юми март дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҷамъомади таълимию тамринӣ баргузор мекунад.
Дар доираи ин ҷамъомад мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозиҳо рӯзҳои 26-ум ва 28-уми феврал баргузор мешаванд.
Футзалбозони тоҷик пас аз анҷоми ҷамъомад дар Арабистони Саудӣ ба Тошканд сафар мекунанд ва дар ин ҷо бо мунтахаби Узбекистон рӯзҳои 4-ум ва 5-уми март бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳанд.
Зимнан, мунтахаби футзали Тоҷикистон авоили моҳи феврал бо тими миллии Кувайт ду бозии санҷишӣ карда буд (3:3, 2:4).
Бояд гуфт, ки мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17-ум то 28-уми апрел дар Тайланд баргузор мешавад, дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18-уми апрел), Қирғизистон (20-уми апрел) ва Ҷопон (22-юми апрел) рақобат хоҳад кард.
Бозиҳои дӯстона
26-уми феврал (душанбе)
Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон
Ҷидда, Арабистони Саудӣ
28-уми феврал (чоршанбе)
Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон
Ҷидда, Арабистони Саудӣ
4-уми март (душанбе)
Узбекистон – Тоҷикистон
Тошканд, Узбекистон
5-уми март (сешанбе)
Узбекистон – Тоҷикистон
Тошканд, Узбекистон