Вазорати дифои Арманистон бо нашри ду изҳороти аз ҳам ҷудо гуфт, ки низомиёни озарбойҷонӣ соати 5:30-и субҳи 13-уми феврал ба мавқеъҳои низомии Арманистон дар деҳаи Неркин Ҳанд, дар вилояти Суйник оташ кушоданд. Вазорат навишт, ки “нирӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон ба сӯи мавқеъҳои низомии Арманистон аз силоҳҳои хурд оташ кушоданд”.
Раиси деҳаи Неркин Ҳанд Хачатур Боғдасариён ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазъият дар ин русто бисёр пуртаниш аст.
Дар вокуниш ба ин изҳорот Хадамоти марзбонии Озарбойҷон бо нашри изҳороте гуфт, ки баъди он ки нирӯҳои арманӣ рӯзи 12 феврал ба самти посгоҳи марзии воқеъ дар ноҳияи Занғилон оташ кушуда як марзбони озарбойҷониро маҷрӯҳ карданд, нирӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон “амалиёти ҷавобӣ” барпо намуданд. Дар натиҷа, ба навиштаи ҷониби Озарбойҷон, посгоҳи марзӣ дар Некрин Ҳан “пурра хароб карда шуд”.
Арманистон иттиҳоми пахши хабарҳои дурӯғинро рад кардааст.
Ҳодисаи ахир дар ҳолест, ки баъди тирамоҳи порсол пурра зери назорати Озарбойҷон гузаштани минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ ва фирори маҷбурии беш аз 100 ҳазор арманитабори сокини ин минтақа, муноқишаҳои мусаллаҳона миёни Арманистону Озарбойҷон фавқулодда коҳиш ёфт. Давоми ду моҳи гузашта ҳеҷ як ҳодисаи тирандозӣ дар марзи байни ду ҳамсоя ба қайд гирифта нашудааст.