Достоне, ки шояд ба зудӣ воқеият шавад
Ҷалол, сокини яке аз деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон алоқаманди мавзуъҳои динист ва гаҳ аз гоҳе барои пайдо кардани иттилоъ ба Интернет сар мезанад. Ҳар бор, ки ӯ файлеро дар мавриди дин боргирӣ мекунад, иттилооти вобаста ба он ба серверҳои зери назорати Чин меравад, ки онро ба ниҳодҳои истихборотии Тоҷикистон интиқол медиҳад. Ин достон, мумкин аст, ба зудӣ ба воқеият табдил шавад.
Душанбе дар ҳоли густариши ҳамкорӣ бо Маскав ва Пекин дар заминаи фанновариҳост. Порлумони Тоҷикистон дар охири моҳи декабри соли 2023 созиши амнияти иттилооти байнулмилалиро бо Русия қабул кард.
Бар асоси санаде, ки Душанбе ва Маскав ҳанӯз моҳи июни соли 2023 имзо кардаанд, Тоҷикистону Русия барои мубориза бо таҳдидҳо дар фазои иттилоотӣ ва ҳамчунин шиносоӣ ва пешгирии ҷиноят дар ин замина корро ҳамоҳанг хоҳанд кард. Додугирифти иттилоъ, ҳамоҳангии фаъолиятҳо дар мавриди мавзуъҳо байни Тоҷикистон ва Русия дар созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳамкории ду кишвар дар заминаи омӯзиши мутахассисон низ шомили созишнома аст.
Муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Маҳмад Меликзода ҳангоми шарҳи созишнома ба вакилон гуфт, санад “ҳамкории тарафҳоро дар самти ҳамоҳангсозии муқовимат ба таҳдидҳо дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байнулмилалӣ, пешгирӣ, ошкор ва рафъи ҳодисаҳои компютерӣ, тафтиши ҷиноятҳо вобаста ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ бо мақсадҳои террористӣ, коркарду роҳандозии чораҳои зарурии муштараки мусоидаткунанда ба таъмини амнияти иттилоотӣ... ба танзим медарорад.”
Ин мақоми амниятӣ ҷузъиёти дигари созишномаро баён накард.
Дар миёни Пекин ва Маскав
Пештар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ширкати русии PITER IX тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо кард. Ҳадафи асосии он мусоидат ба навсозии арсаи мухобироти Тоҷикистон гуфта шуда буд.
Тоҷикистон ба ғайр аз Маскав ҳамкорияшро бо Пекин ҳам густариш медиҳад. Дар оғози моҳи январи имсол Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълон кард, ки бо мадади Чин ба кишвар пойгоҳҳо ва таҷҳизоти низоми интернетии GSM/UMS/LTE/5G-ро ворид мекунад.
Ширкати “Ҳуавей Тоҷикистон” яке аз шарикони аслии ин иқдом аст, ки моҳи декабри соли 2023 бо он созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд.
Дар иттилоияи Хадамоти алоқа гуфта шудааст, ки яке аз талаботи созишнома бо Чин “ҳамкорӣ ва ҷалби мутахассисони Хадамоти алоқа, операторони мобилӣ ва мутахассисони “Ҳуавей Тоҷикистон” дар таҳияи лоиҳаи ягона дар бораи навсозӣ, рушд ва таъмини 7600 истгоҳ ва ҷузъҳои он бо стандарти GSM/UMS/LTE/5G барои шабакаҳои алоқаи мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нигаронӣ аз ҳамкорӣ
Мақомот далели тасмими худро дастрасии беҳтари мардум ба интернет ва муҳофизат аз падидаҳои харобовар мегӯянд. Дар айни ҳол, ба гуфтаи коршиносон, набудани шаффофият дар ин мавридҳо шубҳаи афзоиши беш аз ҳадди назорати давлатро эҷод мекунад.
“Хеле аз тасмимҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки мақомоти Тоҷикистон пайваста назорати Интернет ва таъқиби шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоиро тақвият медиҳанд. Эҷоди Маркази ягонаи коммуникатсионӣ, сабти дубораи симкортҳо ва инчунин сабти IMEI аз ҷумлаи чунин тасмимҳо мебошанд. Ҳамаи ин иқдомот фанновариҳои муосирро қодир месозад корбаронро дар интернет шиносоӣ, корбурди интернеташро назорат ва ба телефони ӯ дастрасӣ пайдо кунад,” – гуфт як огоҳи арсаи фанновариҳо дар Душанбе.
Ба гуфтаи вай, ин иқдомҳо ба мақомот имкон медиҳанд ба амалкарди шаҳрвандон дастрасии ҳадди аксар дошта бошанд ва на танҳо террористу ифротгароҳоро шиносоӣ ва аз байн баранд, балки мунтақидҳо ва норозиҳоро низ пайдо кунанд.
Назорати ҳамсоя
Нуфузи зерсохтии Чин дар Осиёи Марказӣ беш аз даҳ сол аст, ки идома дорад. Масалан, ширкати “Ҳуавей” қаблан чандин тарҳро дар заминаи эҷоди шабакаҳои дастрасӣ ба интернети бесим дар Қазоқистон ва Узбекистон амалӣ кардааст. Ғайр аз ин, тарҳҳои “Шаҳри бехатар” дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Қазоқистонро ба роҳ мондааст.
“Чин модели назорати комил бар ҳарими хусусии шаҳрвандон ва назорат бар ҳама чизро ба Осиёи Марказӣ содир мекунад. Касоне, ки аз ин мавзӯъ иттилоъ доранд, боиси шубҳаи онҳо мешавад, аммо мақомот бо чунин андеша мувофиқ нестанд,” – навишт пойгоҳи хабарии Eurasia.net.
Ин пойгоҳ таъкид мекунад, ки маълум нест тамоми додаҳои лозим барои фаъолияти низомҳои назоратӣ дар куҷо захира мешаванд. Намояндагони порлумонҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон, ки дар онҷо низ системаҳои ташхиси чеҳра роҳандозӣ шудааст, ин саволро матраҳ накардаанд, ки оё як давлати хориҷӣ метавонад ба иттилооти хусусии шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дастрасӣ пайдо кунад.
“Бозор озод ва гуногун бошад”
Коршиноси масъалаҳои фанноварӣ Рустам Гулов мегӯяд, ки ҳама гуна инҳисор (монополия), чи давлатӣ ва чи хусусӣ, боис ба суст шудани як соҳаи хос мешавад. Ба гуфтаи вай, ширкатҳои мухобиротӣ бояд интихоби озоди масирҳои иртиботӣ дошта бошанд ва аз тариқи худ ҳамин фурсатро дар ихтиёри муштариён қарор диҳанд.
“Чин яке аз кишварҳоест, ки бо доштан ва истифодаи технологияи пешрафтаи ҷорӣ кардани сензураи интернет машҳур аст. Ширкати “Ҳуавей”, масалан, зери таҳримҳои Амрико аст ва сабабаш ҳамкориҳои зичи он бо хадамоти махсуси кишвари Чин аст. Ҳар иттилооте, ки бо таҷҳизоти ин ширкат коркард карда мешавад, аллакай зери хавф аст, чунки эҳтимоли ба он дастрасӣ пайдо кардани хадамоти ҷосусии Хитой ба миён меояд,” -- таъкид мекунад Гулов.
Ба гуфтаи вай барои таъмини амнияти рақамӣ бояд аз истифодаи танҳо як роҳ даст кашид ва соҳаро бояд танаввуъ бахшид.
“Хусусан, тариқи озод кардани бозори мухобироти кишвар аз монополияи давлатӣ ва додани интихоби озод ба ҳар ширкати провайдерони интернет, то ки онҳо худашон каналҳои хариди интернет ва шариконро дошта бошанд, мо метавонем каналҳои пайвастшавиро ба шабакаи ҷаҳонӣ зиёд кунем,” -- пешниҳод кард ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.