Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии Интернет дар ҷаҳон: Кӣ дар куҷост? ҶАДВАЛ


​​​​​​​Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар гузорише гуфт, ки сатҳи озодии Интернет дар ҷаҳон сездаҳ сол боз пайдарҳам пойин меравад.

Гузориши “Freedom on The Net 2023” (“Озодӣ дар Интернет 2023”) дар аввали моҳи октябри имсол нашр шуд.

Муаллифон вазъро аз моҳи майи июни 2022 то майи 2023 дар 70 кишвари ҷаҳон санҷидаанд, вале он Тоҷикистонро дарбар намегирад. Маълум нест, чаро.

Ин дар ҳолест, ки созмону кишварҳои ғарбӣ тайи солҳои охир Душанберо барои суръати сусти Интернет ва назорати сахти мақомот ба он танқид мекунанд. Чандин сомонаи хабарии дохиливу хориҷӣ ва пойгоҳҳои вобаста ба мухолифон дар Тоҷикистон дастрас нестанд.

Бар асоси гузориши Freedom House (Хонаи Озодӣ), соли нуҳум аст, ки бадтарин шароити озодии Интернет дар Чин сабт мешавад. Муҳаққиқон вазъи озодии интернетро дар Мянмару Эрон ҳам бад номидаанд.

Аз миёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ Қирғизистон кишвари қисман озод, Қазоқистону Беларус, Узбекистон ва Русия ноозод номбар шудаанд.

Муҳаққиқони Freedom House Исландияро кишвари дорои Интернети озод эътироф кардаанд. Аз ин нигоҳ Эстония ва Коста-Рика дар ҷойгоҳи дувум ва севум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мақоми 12-ум ҳастанд.

XS
SM
MD
LG