Дар қарори ҳукумат аз 9-уми феврал сабаби барканории ӯро “гузаштан ба кори дигар” гуфтанд, аммо мақоми нави ӯ маълум нест.
То ин дам исми муовини нави Бег Сабур дар Хадамоти алоқа эълон нашудааст.
Илҳомҷон Атоев солҳои зиёд муовини раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур буд ва чандин ҳарфҳояш баҳсбарангез шуд. Аз ҷумла Атоев соли 2022 як сабаби поин будани суръати интернетро ба бунёди босуръати биноҳои баландошёна рабт дод. Албатта, баъдан Атоев гуфт, ҳарфҳои ӯро нодуруст шарҳ додаанд.
Рӯзи 9-уми феврал ҳамчунин Ҷалолиддин Пириев аз мақоми муовини якуми раиси Кумитаи дин барканор шуд. Мақоми нави ӯ маълум нест.
Дафтари матбуоти президент ҳамчунин аз тағйироти кадрӣ дар сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, сардорони чанд раёсати КДАМ иваз шуданд, аммо ному насаби онҳо ифшо нашудааст.
Аз оғози моҳи январ дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ҷараён дорад. Намояндагони мухолифон онро бештар ҷойивазкунии кадрҳои кӯҳна ва содиқ ба ҳукумати ҳозира медонанд.
Баъзе аз созмонҳои байнулмиалӣ непотизм ё хешовандсолорӣ (хешутаборчигӣ), маҳал ва садоқати шахсиро “аз меъёрҳои асосӣ дар интихоби кадрҳо дар Тоҷикистон” донистаанд.