Дар вилояти Маскав мехоҳанд, муҳоҷиронро "бикӯчонанд" ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Видеоро дар инҷо бинед

Дар вилояти Маскав пешниҳод кардаанд, ки муҳоҷиронро аз маҳаллаҳои аҳолинишин “бикӯчонанд”.

Раиси собиқи Федератсияи муҳоҷирон, Вадим Коженов, мегӯяд, тибқи нақшаи мақомот, бошгоҳҳо барои муҳоҷирон дар назди ҷойи кори онҳо, аз ҷумла дар маҳалли сохтмон ва марказҳои боррасонӣ, ташкил карда хоҳад шуд.

Коженов афзудааст, аз ин ташабусс масъулони ҳукумати вилояти Маскав, бо шумули волии он Андрей Воробев ва сохторҳои амниятӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқоте, ки ахиран дар шаҳри Дубна доир шуд, раиси вилояти Маскав эътирози сокинони маҳаллиро ба будани хостелҳо ва “хонаҳои резинӣ” (ҷое, ки шумораи номаҳдуди муҳоҷирон сабти ном мешаванд) таъкид намудааст.

Коженов мегӯяд, агар иқдоми пешгирифта барои бунёди маҳаллаҳои алоҳида комёб шавад, ин таҷрибаро дар минтақаҳои дигари Русия истифода хоҳанд кард.

“Дар мулоқот соҳибкорон ҳам иштирок доштанд. Онҳо гуфтанд, агар ба ин масъала дуруст бархӯрд шавад, метавонад фоида ҳам орад. Якум, муҳоҷирони корӣ ба ҳеч куҷо намераванд. Дувум, зери назорат хоҳанд буд. Аз тарафи дигар, бо назардошти нархи миёнаи иҷораи хобгоҳҳо, хароҷоти бунёди маҳаллаҳо дар муддати якуним сол рӯйпӯш мегардад,” – афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, сокинони Митишии вилояти Маскав талаб доранд, ки сохтмони хобгоҳҳо барои муҳоҷирон бас карда шавад. Саҳифаи "Русская община" дар Телеграм паёми видеоии онҳоро нашр кард.

Сокинон изҳор доштаанд, ки сохтмони иншоот бидуни иҷозат сурат гирифтааст ва аз болои ширкати сохтмонӣ ба додгоҳ шикоят бурданд. Илова бар ин, ба гуфтаи намояндаи "Русская община", сокинони маҳаллӣ аз он нигаронанд, ки дар ин бино як меҳмонхонаи хурд барои муҳоҷирон ҷойгир хоҳад шуд.