Талаби нав. "Ин фазо тӯйро ба чорабинии давлатӣ табдил медиҳад"

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Мақомот ба сокинон дар ғарби Туркманистон дастур додаанд, ки дар маросими арӯсӣ сурудҳои Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти собиқи ин кишвар ва падари президенти ҳозираро пахш кунанд.

Дар вилояти Балкани Туркманистон, ки намояндагони қавму миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, мақомот сароидан ё пахши таронаҳои хориҷиро манъ карда, талаб кардаанд, ки дар маросими хурсандӣ танҳо бо забони туркманӣ бояд суруд садо диҳад.

Сокинони маҳаллӣ ва як манбаи наздик ба ҳукумати маҳаллӣ дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтаанд, дар феҳрасти сурудҳое, ки мақомот пахши онҳоро дар тӯйҳо дастур додаанд, ду суруди Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов низ мавҷуд ҳаст.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, ки солҳо бо зӯр қудратро дар Туркманистон дар даст дорад, сурудҳои сатҳие низ сурудааст.

Маъмулан, чунин тасмимҳо дар Туркманистон расман эълон намешаванд, вале сокинон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дастур ба арӯсу домод ҳангоми сабти ном барои бастани ақди никоҳ шифоҳӣ (даҳонӣ) расонида мешавад.

"Дар Идораи САҲШ (ЗАГС) ба ҳамсарони оянда ҳушдор медиҳанд, ки маросими арӯсии онҳо бояд танҳо бо мусиқии туркманӣ сурат бигирад ва тӯй низ бояд бо тарзи туркманӣ баргузор шавад," - гуфт як манбаъ аз вилояти Балкан.

Ду тан аз соҳибони тарабхонаҳо, ки барои баргузории маросимҳои арӯсӣ дархост мегиранд, гуфтанд, ба онҳо низ дастур шудааст, ки ин муқарраротро риоя кунанд. "Соҳибони тарабхонаҳое, ки тӯй мегузаронанд, бояд тафтиш кунанд, ки ҳадди ақал 80 дарсади оҳангу мусиқиҳо туркманӣ бошанд,”- гуфт корманди як тарабхона, ки нахост номаш зикр шавад.

Корманди тарабхона шарҳ дод, ки ин феҳраст аксаран аз мусиқиҳои рақсии туркманӣ бо номи “куштдепдӣ” ва ду суруди Бердимуҳаммадов иборат аст. "Ин сурудҳо (аз Бердимуҳаммадов) ҳар кадом ҳафтдақиқаӣ ҳастанд ва гардонандаҳо онҳоро дуборӣ такрор мегузоранд,” -- афзуд ӯ.

Бердимуҳаммадов Туркманистон, як кишвар Осиёи Марказиро то соли 2022, 15 сол раҳбарӣ кард ва дар як интихоботи пеш аз муҳлат қудратро ба писараш Сардор дод.

Ӯ, ки лақаби “Арқадаг” ё “Муҳофиз” дорад ва раҳбари Шӯрои мардумии Туркманистон аст, гоҳе дар саҳнаҳо сурудҳои поп мехонад.

Суруд дар васфи "пешво"

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, дар шаҳри Балканобод, маркази вилояти Балкан, аксаран қавму миллатҳои дигар зиндагӣ мекунанд, ки ҳоло ҳақ надоранд, бо забони модариашон дар маросими хурсандӣ суруд пахш кунанд. Аз ин рӯ, ақаллиятҳо ё камшуморони рус, арманиҳо ва озариҳоро ин дастур асабонӣ ва хашмгин кардааст.

"Дар он феҳраст танҳо сурудҳои туркманӣ ва оҳангҳо кушдептӣ садо медиҳад, ки мо маҷбур зери навои онҳо бирақсем. Дар асл на мо ва на меҳмонон дар маросим туркман нестем,” -- гуфт як сокини ноҳияи Туркманбошии вилояти Балкан.

Як сокини дигари маҳаллӣ гуфт, ҳоло табрикоти тӯёна пур аз мадҳу ситоиши Бердимуҳаммадовҳо шудааст ва дар деворҳои тарабхона аксу шиорҳои онҳо овезон аст.

"Ин фазо тӯйро ба як чорабинии давлатӣ табдил медиҳад,” -- гуфт ӯ. Ва афзуд, ҳеч кас аз ин дастури ҳукумат хушҳол нест ва аз дахолати давлат ба зиндагии хусусиашон норозианд.

Радиои Озодӣ аз мақомоти туркман хост, ин тасмимро шарҳ диҳанд, вале ҳеч посухе дарёфт накард. Пештар хабар дода шуда буд, ки ба узбекҳои вилояти Дашоғуз ва Лабиоб дастур шудааст, ки дар маросими хурсандӣ лисбоҳои миллии туркманӣ ба бар кунанд ва дар тӯйҳояшон бояд сурудҳои туркманӣ садо диҳад.