Дигар хато наменависем? Кумитаи забон як нармафзор сохтааст

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забону истилоҳот

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забону истилоҳот

Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯянд, барнома ё нармафзори ислоҳнигорӣ (дурустнависӣ, ғалатгир)-и забони тоҷикиро сохтаанд.

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумита, рӯзи 6-уми феврал гуфт, қарор аст нармафзорро дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз рӯнамоӣ карда, ба истифода бидиҳанд.

Раиси Кумитаи забон гуфт, ин ниҳод “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”-ро низ омода кардааст.

“Ҳудуди 60-62 ҳазор вожа дорад. Баъди ба нашр расидани фарҳанг барномаи ислоҳнигорӣ ба кор оғоз мекунад. Барномаи ислоҳнигорӣ 2 миллиону 20 калимаро дар бар мегирад. Мутахассисон кор кардан. Он мушкилоте, ки дар вақти таҳияи маводи хаттӣ дар вазорату идораҳо дорем, ҳалли худро меёбад,” – ибрози умед кард Муҳаммадҷонзода.

Аммо дар бораи нармафзори ислоҳнигорӣ тафсилоти бештар надод. Дар ҳоли ҳозир дақиқ нест, ки барнома дар телефонҳои ҳушманд низ қобили дастрасӣ ҳаст ё не.

Забони тоҷикӣ бо ҳуруфи сириллик дар низомҳои омили компутарӣ аз камтарин забонҳоест, ки барномаи ислоҳнигорӣ надорад.