"Ба кори дигар гузаштанд." Барканории ду муовини раиси Оҷонси зиддифасод

Сӯҳроб Сафарзода ва Музаффар Аҳмадзода

Ду муовини раиси Оҷонси зиддифасод ё мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон аз мақомҳои худ барканор ва ба ҷойи онҳо афроди нав таъйин шуданд.

Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон як навсозии умумии раҳбарони ниҳодҳои қудратиро роҳандозӣ кардааст, ки ба ақидаи мухолифонаш ҳадаф аз он таҳияи заминаҳо барои интиқоли қудрат ба писараш Рустами Эмомалист.

Бино ба фармони президент аз 7-уми феврал, Сӯҳроб Сафарзода аз мансаби муовини аввали раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия озод шудааст. Сабабро "гузаштан ба кори дигар" гуфтанд, вале мақоми наваш ҳанӯз маълум нест.

Сафарзода дар соли 2018 муовини раиси Оҷонсӣ таъйин шуда, аз соли 2021 дар мақоми муовини аввал буд.

Бо айни ҳамин далел Музаффар Аҳмадзода аз мансаби муовини раиси Оҷонсӣ барканор шудааст. Ӯ дар солҳои 2020-2021 муовини аввали раиси Оҷонсӣ буд, вале аз моҳи июли соли 2021 дар мақоми муовин кор мекард.

Ба ҷойи ҳардуи онҳо Барот Расулӣ ва Фирӯз Камолзодаро таъйин кардаанд. Камолзода сардори раёсати кадрҳои Оҷонсӣ ва аз соли 2022 узви ҳайати мушовараи ин ниҳод буд.

Тағйирот дар ҳоле сурат мегирад, ки Тоҷикистон дар радабандии нави як созмони байнулмилалӣ дар бораи фасоду ришвахорӣ имсол чаҳор зина поинтар рафт ва ин ба маънии ҳарчӣ бештар реша паҳн шудани ин зуҳуроти хатарзо дар идораҳои давлатӣ аст.

Шаффофияти Байнулмилал ё Транспаренси Интернешнл, ки ҳар сол гузоришеро бо номи Шохиси дарки фасод нашр мекунад, Тоҷикистонро дар моҳи январи имсол дар миёни 180 давлат дар ҷойгоҳи 162 қарор дод. Ин аз зинаҳои поинтарин ба шумор меравад.