Баҳо дар мактабҳо 5 бошад ё 10? ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳоло дар 140 мактаби Тоҷикистон низоми баҳогузории 10-хола ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ шудааст. Дар сурати мувофиқ омадан, ин низом пурра қабул мешавад. Вазорати маориф мегӯяд, низоми баҳодиҳии 5-хола ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест. "Озодӣ" назари мардумро дар бораи низоми баҳогузории нав пурсид.