Вазир гуфт, шикоят аз ярмаркаҳо дуруст аст
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бархе сокинони пойтахт тобистони порсол шикоят доштанд, ки ноҳияҳое, ки дар Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот баргузор намуданд, маҳсулотро аз бозорҳои умдафурӯшии Душанбе хариданд ва ин боиси болоравии арзиши маҳсулот шуд. Вазири кишоварзӣ гуфт, аз вазъ хабар доранд ва онро назорат мекунанд.