Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ гуфт, ҳоло як метри мураббаъ хона қариб 7400 сомонӣ (673 доллар) аст. Ин дар ҳолест, ки маоши миёна ҳудуди 2,5 ҳазор сомонӣ (230 доллар) аст.
Баҳси гарон будани хонаҳо 5-уми феврал дар нишасти Кумитаи сохтмон ва меъморӣ садо дод. Хабарнигорон аз раиси ин ниҳод пурсиданд, ки чаро бо вуҷуди зиёд шудани сохтмони манзил нарх поин намешавад?
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон, гуфт, нархи хонаҳо бар асоси талаботи бозор муқаррар мешавад. “Дар бозор маҳсулот бисёр шуд, арзон мешавад, кам шуд, гарон мешавад," -- мегӯяд раиси Кумитаи сохтмон.
Мирзозода афзуд, соли 2023 дар кишвар як миллиону 737 ҳазор метри мураббаъ манзил сохта шудааст, ки назар ба соле пеш аз он 2,1 дарсад зиёдтар аст. Аммо зиёд шудани сохтмонҳо низ натавонист орзуи бисёриҳоро барои доштани хона амалӣ кунад.
Мӯниса Ҳакимова ва шавҳараш панҷ сол боз дар Душанбе иҷоранишин ҳастанд ва барои харидани манзил пул ҷамъ меоранд. Мӯниса рӯзноманигор аст ва шавҳараш дар бозори “Корвон” тиҷорат дорад. Кӯшишҳои онҳо барои харидани манзил то ин дам бенатиҷа будааст.
“Нархи як метр мураббаъро то ошёнаи ҳафтум 700 доллар мегӯянд. Он ҳам ба шарте ки 70-80 дарсади маблағро бидиҳӣ. Пули боқимондаро тақсим мекунанд ва дар моҳе 10-15 ҳазор сомонӣ мешавад. Маошро дар Тоҷикистон ҳама медонад. Дар Душанбе иҷора нишастан, харҷи зиндагиро пӯшондан ва ҳам пули хонаро додан бисёр мушкил аст," -- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Дар ҳавлии Аҳмадҷон Саломов дар Душанбе панҷ оила зиндагӣ мекунад. Ӯ ва ҳамсараш, се келин ва духтару домодаш. Манзил аз падари Аҳмадҷон ба мерос мондааст. Худаш натавонист хонаи нав харад ва писаронаш ҳам наметавонанд манзили алоҳида харида, ба дигар ҷой кӯчанд. Ҳамин аст, ки панҷ оила дар як ҳавлӣ дар Душанбе зиндагӣ мекунанд.
“Ҳама чиз қимат аст, барои ҳамин халқ пул ҷамъ карда наметавонад. Камтар арзонтар кунанд, ки халқ хонаҳоро харида тавонанд," -- мегӯяд Аҳмадҷон Саломов, сокини Душанбе.
Масъулони ширкатҳои сохтмонӣ дар назди дурбин суҳбат накарданд. Онҳо дар суҳбатҳои худмонӣ мегӯянд, ки нархи масолеҳи сохтмонӣ ҳам гаронтар шудааст ва онҳо наметавонанд хонаҳоро арзон фурӯшанду бар зарар кор кунанд. Баъзе аз сокинон роҳи ҳалро дар боло бурдани маош мебинанд.
"Маош бояд зиёдтар бошад, ки одамон тавонанд хона бихаранд. Маоше ки ҳоло дар мо аст, ба харидани хона намерасад,” – гуфт сокини Душанбе Наргис Исроилова.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад